Дар Тсюрих имконоти сармоягузории Тоҷикистон дар соҳаи нассоҷӣ муаррифӣ карда шуд
ДУШАНБЕ, 22.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 20 май дар шаҳри Тсюрих Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария Шараф Шерализода дар чорабинии Федератсияи байналмилалии молистеҳсолкунандагони нассоҷӣ (ITMF) иштирок ва имконоти сармоягузории соҳаро муаррифӣ намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар доданд, Шараф Шерализода оид ба дастовардҳои мамлакат дар соҳаи саноати нассоҷӣ ва рушди иқтисодиёти “сабз”, инчунин имконоти сармоягузорӣ дар ин соҳа ба иштирокчиён маълумот пешниҳод намуд.
Дар чорабинӣ ассотсиатсияҳои пешсаф ва ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонии соҳаи нассоҷӣ тақрибан аз 50 давлати дунё иштирок намуданд. Ҳамзамон дар фарҷоми чорабинӣ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчиёни чорабиниро ба Форуми якуми байналмилалии нассоҷӣ (Тоҷикистон 2025) ва Намоишгоҳи дастгоҳу таҷҳизот ва маҳсулоти нассоҷӣ, ки 8-10 июли соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мегарданд, даъват намуд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария








Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид






