Дастаи «Соро компания» чемпиони панҷкаратаи Тоҷикистон оид ба футзал шуд
ДУШАНБЕ, 23.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи «Соро компания»-и Душанбе таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов бори панҷум чемпиони Тоҷикистон оид ба футзал шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дар маҷмааи варзишии «Кохи Олимп» бозии сеюми силсилаи ниҳоии Суперлигаи футзали Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он «Соро компания» бар «Истиқлол» бо ҳисоби 4:1 пирӯз шуд.
Ҳамин тариқ, «Соро компания» дар бозии сеюми силсилаи ниҳоӣ пирӯз шуда, қаҳрамони панҷкаратаи Тоҷикистон оид ба футзал гардид. Қаблан тими Пайрав Воҳидов солҳои 2018, 2019, 2021 ва 2022 соҳиби медалҳои тилло шуда буд.
Медалҳои нуқраи Суперлигаи Тоҷикистон-2024/25 насиби футзалбозони «Истиқлол» ва медалҳои биринҷӣ насиби «Сипар»-и Хуҷанд гардиданд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд






