Дурнамои таҳкими равобит байни Тоҷикистон ва Уммон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 01.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 30 апрел Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Уммон Зубайдулло Зубайдзода дар шаҳри Масқат бо муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Салтанати Уммон Шайх Халифа ал-Ҳорисӣ мулоқот намуд.
Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Кувайт хабар доданд. Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои таҳкими равобит байни Тоҷикистон ва Уммон дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетика, сайёҳӣ, саноат, алоқаи ҳавоӣ, таҳкими пояи шартномавию ҳуқуқӣ, инчунин ҳамкории ду давлат дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва дигар мавзуъҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуданд.
Ҷонибҳо инчунин атрофи омодагӣ ба танзими чорабиниҳои муштараки дарпешистода, аз ҷумла баргузории сафарҳои сатҳи баланду олӣ табодули афкор намуданд.
АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Кувайт








Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид






