Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии Brainiacs 60 медал ба даст оварданд

Май 1, 2025 16:26

ДУШАНБЕ, 01.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия даври ниҳоии Олимпиадаи байналмилалии Brainiacs баргузор гардид. Дар ин олимпиада Тоҷикистонро 117 хонанда аз муассисаҳои таҳсилоти умумии мамлакат муаррифӣ намуда аз ин шумора 12 нафар сазовори медали тилло, 12 нафар сазовори медали нуқра ва 36 нафар сазовори медали биринҷӣ гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо хабар доданд.

Олимпиада аз 24 то 30 апрел дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия аз фанҳои математика, физика, химия, биология ва зеҳни сунъӣ байни хонандагони 50 давлати дунё баргузор карда шуд.

Иштироки фаъолона ва натиҷаҳои назарраси хонандагони тоҷик дар ин олимпиадаҳои байналмилалӣ далели равшани сатҳи баланди омодагии онҳо ва таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи маориф мебошад.

Олимпиадаи Brainiacs майдоне барои муаррифии истеъдодҳои ҷавон, табодули таҷриба байни иштирокдорон аз давлатҳои гуногун ва мусоидат ба рушди минбаъдаи илмҳои дақиқ ва технологияҳои нав дар байни насли наврас буда, барои омодашавии хонандагон ба олимпиадаҳои сатҳи баланд заминаи мусоид фароҳам меорад.

Дар партави сиёсати маорифпарваронаи Президенти  мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар соҳаи илму истеҳсолот ба дастовардҳои назаррас шарафёб мегардад.

Тавре иттилоъ дода шуд, бо мақсади амалинамоии «Стратегияи омӯзиш ва рушди фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ (барои давраи то соли 2030» ва иҷрои талаботи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои  2020-2040» дар муассиса тадбирҳои амалӣ  андешида шуда,  хонандагон пайваста дар чорабиниҳои сатҳи гуногуни байналмилалӣ иштирок менамоянд ва ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд.

АКС: Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо

 

 

Май 1, 2025 16:26

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪТИЛИ БАҲОРӢ. Хонандагони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ гардид
Ректорони муассисаҳои таҳсилотии Узбекистон бо зарфияти таълимӣ ва илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуданд
Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Имрӯз Форуми сеюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор мегардад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» то 19 март идома меёбад
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
Қабули ҳуҷҷатсупории довталабон барои иштирок дар бурсияи Ҳукумати Ҷумҳурии Индонезия оғоз шуд
Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бо рафти таҳсилоти олӣ дар вилояти Панҷоби Ҳиндустон шинос гардид
Арзиши хизматрасонӣ дар ИМД-2026 чӣ қадар аст ва барои киҳо имтиёз муқаррар карда шудааст?
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба саҳми матбуот дар рушди давлатдории миллӣ ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ доир шуд
Доир ба шароити нигоҳдории солимии психологӣ дар муҳити муассисаҳои таълимӣ ҳамоиш баргузор шуд