«ХОТИРА АЗ ҲОФИЗ». Ин намоиши байналмилалӣ ба 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ бахшида шудааст

Май 6, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 06.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Беш аз 40 асари нодири санъати тасвирие, ки ба эҷодиёти шоири бузурги тоҷику форс Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ бахшида шудаанд, 5 май дар намоиши байналмилалии  асарҳои рассом ва муҷассамасози машҳури олмонӣ, профессор Гюнтер Уккер, ки таҳти унвони «Хотира аз Ҳофиз» дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон  ифтитоҳ гардид, ба маърази тамошо  гузошта шудаанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи оммавӣ ва экскурсионии Осорхонаи миллии Тоҷикистон  Фирдавс Исроилов иттилоъ дод.

Намоиши байналмилалӣ ба 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ бахшида шуда, зимни ифтитоҳи он директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Зафаршо Иброҳимзода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Йорк Шуграф сухан гуфтанд.

Дар намоиши «Хотира аз Ҳофиз» ду осори санъати ороишӣ-амалӣ: ҳайкалчаҳои биринҷӣ бо номҳои «Китоби болишт» ва «Нон», ки аз ҷониби муҷассамасози машҳури олмонӣ, профессор Гюнтер Уккер дар солҳои гуногун офарида шудаанд, пешниҳоди тамошобинон гардонида шуданд.

Рассом ва муҷассамасози машҳури олмонӣ, профессор Гюнтер Уккер шефтаи ашъори Ҳофизи Шерозӣ буда, муаллифи силсилаасарҳоест, ки ба фаъолияти ин шоири бузурги  тоҷику форс бахшида шудаанд. Ҳунарманди маъруф онҳоро таҳти унвони умумии «Хотира аз Ҳофиз» гирд оварда, қаблан дар оромгоҳи Ҳофиз, Китобхона ва Бойгонии миллӣ дар Шероз, Осорхонаи Имом Алӣ дар Теҳрон ва ҳамчунин дар шаҳри Дюсселдорфи Олмон ба намоиш гузоштааст.

Ба андешаи мусаввир, шеъри Ҳофиз руҳи инсонро ба ваҷд меорад, ба инсон бо қувваи калимаҳо илҳом бахшида, фикрҳоро ба ҳаракат медарорад ва дар тасвирҳои эҷодӣ шоирро ҳамроҳӣ менамояд. Ин ҳама фалсаву маънавиёт дар асарҳои рассом таҷассум ёфтаанд.

Намоиши асарҳои рассом ва муҷассамасози машҳури олмонӣ, профессор Гюнтер Уэкер таҳти унвони «Хотира аз Ҳофиз» дар Осорхонаи миллӣ то 5  июни  соли 2025 идома меёбад.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Май 6, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид