ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АНДОЗ. Нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 111,9 фоиз таъмин гардид

Май 4, 2025 08:40

ДУШАНБЕ, 04.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Фаъолияти меҳнатии кормандони мақомоти андоз, воқеан ба яке аз соҳаҳои муҳимтарини ҳаёти мамлакат – ғанӣ гардонидани хазинаи он ва саҳм гузоштан дар пешрафти иқтисодиёту ҳалли масоили иҷтимоии ҷумҳурӣ равона шудааст. Ин амал аз ҳар яки мо дар иҷрои вазифаамон масъулияти баландро тақозо менамояд. Чунин ибрози назар намуд Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти андоз, ки 4 май эълон шудааст.

Нусратулло Давлатзода иброз дошт, ки «таъмини иҷрои нақшаи андозҳо, албатта, боиси қаноатмандист, вале такмил додани самтҳои фаъолият ва ноил гардидан ба муваффақияти нав барои мо вазифаи аввалиндараҷа аст ва имрӯзҳо самти асосии фаъолияти мо низ бояд ба он равона карда шавад.

Мақомоти андози ҷумҳурӣ дар маҷмуъ иҷрои нишондиҳандаҳои қисми даромади буҷети давлатиро барои давраҳои муайяншудаи ҳисоботӣ таъмин менамояд. Дар семоҳаи якуми соли 2025 иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 111,9 фоиз таъмин гардида, ба ҷои 5 миллиарду 445,9 миллион сомонӣ ба буҷети давлатӣ 6 миллиарду 94,1 миллион сомонӣ ворид гардид, ки ки нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 648,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

«Мо, кормандони мақомоти андоз тибқи талаботи замони муосир бояд раванди амалисозии технологияҳои замонавиро тақвият бахшида, дар баробари ин, омӯзиши техникаю технологияи навтаринро ҳамаҷониба ба роҳ монем ва худро ҳамчун мутахассиси варзидаи соҳаи андоз нишон диҳем. Мо бояд фарҳанги андози шаҳрвандон ва андозсупорандагонро баланд бардорем, ба андозсупорандагон кумак намоем, то фаъолияташон ривоҷ ёбаду самараноктар гардад», — афзуд Раиси Кумитаи андоз.

Нусратулло Давлатзода таъкид намуд, ки яке аз ҳадафҳои давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон баланд бардоштани нақши соҳибкорӣ ҳамчун самти афзалиятноки таъминкунандаи рушди устувори иқтисодии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Бо назардошти аҳамияти бахши хусусӣ дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоии ҷомеа Ҳукумати мамлакат барои такмил додани механизмҳои иқтисоди озод, сода гардонидани низоми андозбандӣ, ислоҳоти сохторҳои молиявию бонкӣ ва суғурта, ки ба дастгирӣ ва рушди бахши хусусӣ мусоидат менамоянд, пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» таъкид намуданд, ки бо мақсади дастгирии минбаъдаи рушди соҳибкорӣ зарур аст, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» бо роҳи такмил додани меъёрҳои амалкунандаи арзёбии хавфҳо шумораи санҷишҳо ва даврияти гузаронидани онҳо (ба истиснои хавфҳои андоз) боз ҳам маҳдуд карда шавад. Роҳбари давлат пешниҳод намуданд, ки дар давраи такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби сармоя ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба ҳамаи намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз то 1 январи соли 2027 мораторий эълон карда шавад. Дар ин бора Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2025 ба тасвиб расидааст.

Дар ҳақиқат, соҳибкорону сармоягузорон қувваи бузургу пешбарандаи иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва неруи созандаю ободкори мамлакатанд.

Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар ҳамаи самтҳои фаъолият корҳои назаррасро анҷом медиҳад. Аз он ҷумла, тибқи талаботи замон барои гузоштани заминаи боэътимод ба рақамикунонии иқтисоди миллӣ ва ҳукумати электронӣ пайваста тадбирҳои судманд андешида мешаванд. Раванди рақамикунонии соҳа, татбиқи технологияҳои замонавии иттилоотӣ, ки пеш аз ҳама, ба беҳтар намудани маъмурикунонии андоз, хубтар намудани сатҳу сифати хизматрасониҳои давлатӣ ба андозсупорандагон, баланд бардоштани масъулияти субъектҳои хоҷагидор дар таъмини риояи қонунгузории андоз, инчунин халалдор насохтани фаъолияти онҳо равона карда шудааст, яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти андоз маҳсуб мешавад. Зеро мақсад аз мавриди истифода қарор додани технологияҳои муосири иттилоотӣ ва моҳияти он на танҳо дар сатҳи замонавӣ ташкил намудани бақайдгирии андозсупорандагон, баҳисобгирии манбаъҳои андозбандӣ ва созмон додани махзанҳои маълумот аст, балки, пеш аз ҳама, ҳаддалимкон содаву осон намудани иҷрои уҳдадориҳои андозӣ, бештар ва беҳтар намудани шаклҳои хизматрасонӣ ва корҳои тавзеҳотию фаҳмондадиҳӣ мебошад.

Ташаккул додани маърифати молиявии шаҳрвандон ва баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ ҳамчун яке аз омилҳои асосии татбиқи самараноки сиёсати андозу буҷет, аз ҷумла дар масъалаи гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ барои ноил шудан ба устувории молиявии давлат ва рушди иқтисодӣ нақши хеле муҳим дорад. Дар ин робита зимни пешниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ солҳои 2025-2030 Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон гардиданд.

Имрӯзҳо Кумитаи андоз ба андозсупорандагон ва шаҳрвандон намудҳои зиёди хизматрасониҳои давлатиро дар шакли электронӣ пешниҳод менамояд. Бо истифода аз чунин хизматрасониҳо кормандони мақомоти андоз ва андозсупорандагон метавонанд вазифа ва уҳдадориҳои худро шаффоф, ба таври фаврӣ, дақиқ ва бе сарфи зиёди вақт анҷом диҳанд.

Нусратулло Давлатзода таъкид намуд, ки «имрӯзҳо мақомоти андоз ба мутахассисони воқеан соҳибихтисоси соҳаи андоз, дорои ҷаҳонбинии васеъ, соҳибмаърифату донандаи технологияҳои муосири иттилоотӣ ва забонҳои хориҷӣ ниёз дорад. Дар асри XXI пешрафт ва боигарии давлатҳоро, пеш аз ҳама, аз рӯи қобилияти зеҳнӣ, сатҳи маърифату ҷаҳонбинӣ ва огоҳиву дастрасӣ доштани аҳолӣ ба техникаю технологияҳои муосир ва истифодаи самараноки онҳо муайян менамоянд. Аз ин рӯ, яке аз вазифаҳои асосии мо тарбияи ҷавонон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ, ҷаҳонбинии васеъ, маърифати мукаммали ҳуқуқӣ, касбияти баланд ва саъю талоши созандаю бунёдкорона барои ободии мамлакат ва боз ҳам баланд бардоштани обрӯю нуфузи Ватани маҳбубамон мебошад».

Андоз муҳимтарин унсур ва муасситарин воситаи молиявии давлат буда, фаъолияти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ба он зич алоқаманд аст.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонӣ

Май 4, 2025 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Аъзои хоҷагии деҳқонии «Давлат» тавассути меҳнати ҳалол хароҷоти оиларо пурра таъмин менамоянд
Дар Ашт навъҳои тухмии пунбадонаи мутобиқ ба тағйирёбии иқлимро кишт намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон озмуни «Беҳтарин донандаи Кодекси андоз» баргузор шуд
Тоҷикистон ва Туркманистон ҳаҷми гардиши савдо, боркашонӣ ва транзити молҳоро афзоиш медиҳанд
Дар Норак фестивал ва Форуми «Саводнокии молиявӣ» баргузор гардид
Назорат ва пешгирии коррупсия дар соҳаи энергетика тақвият меёбад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар бахши радиомониторинг тақвият меёбад
Тоҷикистон ва Покистон ҳамкориро дар соҳаи ҳамлу нақл тавсеа мебахшанд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025» гузаронида мешавад
Бо татбиқи лоиҳаи «Таъсиси кластери нассоҷии гурӯҳи ширкатҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» беш аз 5500 нафар бо кор таъмин мегарданд
Бо ду ширкати Финландия барои насб ва татбиқи низоми идоракунии дороиҳои роҳ қарордод ба имзо расид
Намояндаи ширкати «Niko»-и шаҳри Пекин бо фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» шинос шуд