ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар Панҷакент дар 3900 гектар картошка кишт карда мешавад

Май 4, 2025 14:00

ДУШАНБЕ, 04.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи нақша, имсол дар шаҳри Панҷакент дар 3900 гектар картошка кишт карда мешавад. То охири моҳи апрел кишоварзон дар 1200 гектар картошка кишт намудаанд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, шаҳри Панҷакент яке аз минтақаҳои пешсаф дар соҳаи кишоварзӣ маҳсуб шуда, сол ба сол ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ин шаҳр афзоиш меёбад. Кишоварзони шаҳр   дар парвариши маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ, аз ҷумла картошка таҷрибаи бой дошта, яке аз таъминкунандагони асосии бозори дохилӣ ба ҳисоб мераванд.

Хоҷагии деҳқонии «Мирзо Қиёмов» дар Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан дар самти картошкапарварӣ пешсаф буда, имсол дар 13 гектар картошка кишт кардааст. Тухмии аз ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ вориднамуда ба иқлими маҳал мутобиқ буда, имкони ба даст овардани то 400-сентнерӣ ҳосилро аз ҳар гектар фароҳам меорад. Пас аз ҷамъоварии ҳосил кишти сабзӣ ба нақша гирифта шудааст.

Сокини Ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент Парвиз Зарифзода дар 14 гектар гармхона ташкил карда, дар он бодиринг, помидор ва дигар сабзавот парвариш менамояд. Аз ин гармхона ҳар рӯз зиёда аз 100 килограмм бодиринг ҷамъоварӣ мегардад. Дар гармхона 10 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд.

Сокини дигари шаҳр Муродқул Юсуфов низ дар 1 гектар гармхонаи замонавӣ бунёд намудааст. Он бо технологияи пешрафта муҷаҳҳаз гардида, имкон медиҳад, ки дар як сол чор маротиба ҳосил ба даст ояд. Дар гармхона обёрӣ ва ғизодиҳӣ ба таври автоматикӣ мебошад, ки ин хароҷотро кам ва ҳосилнокиро зиёд менамояд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Май 4, 2025 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд
Дар Бохтар таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Хизматрасонии техникии зеристгоҳҳои конвертории тарҳи «CASA-1000» дар Тоҷикистон ва Покистон соли 2028 ба анҷом мерасад
Дар Конфронси байналмилалии «Таҳаввулоти нақлиёт-2026» рушди инфрасохтори долонҳои нақлиётӣ баррасӣ шуд
Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд ва минтақаи Рашт муаррифӣ карда шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид