Истифодаи самараноку сарфакоронаи заминҳои наздиҳавлигӣ, президентӣ ва ба роҳ мондани кишти такрорӣ таъкид гардид
ДУШАНБЕ, 24.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли равон буҳронҳои глобалию минтақавӣ шиддат гирифта, таъсири таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, канда шудани занҷираҳои истеҳсолу интиқоли маҳсулот, баҳсу низоъҳо вобаста ба ҷорӣ намудани боҷҳои гумрукӣ байни давлатҳо, болоравии нархи молу маҳсулот дар бозорҳои ҷаҳонӣ, бахусус, нархи маҳсулоти ниёзи аввал, инчунин, пайомадҳои тағйирёбии иқлим идома меёбанд.Тибқи арзёбии коршиносон соли 2025 дар дунё соли гармтарин дар таърихи мушоҳидаҳо пешгӯйӣ шудааст. Ин матлабро Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 17 май дар семинар–машварати ҷумҳуриявӣ бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат, ки дар ноҳияи Данғара баргузор шуд, баён намуданд.
Омилҳои дар боло баёншуда боиси мушкил шудани таъминоти аҳолии ҷаҳон бо озуқаворӣ гардида, равандҳои мазкур ба ҷумҳурии мо низ бетаъсир нестанд.
Аз ин рӯ, Сарвари давлат даъват намуданд, ки «мо бояд барои пешгирӣ кардани оқибатҳои манфии онҳо ҳаматарафа омода бошем. Мо бояд барои ҳифзи амнияти озуқаворӣ дар мамлакат тамоми тадбирҳои заруриро андешида, ҷиҳати кам кардани вобастагии бозори истеъмолӣ аз молу маҳсулоти воридотӣ аз ҳамаи имконияту захираҳои мавҷуда пурра ва самаранок истифода намоем».
Президенти мамлакат дастуру супориш доданд, ки сохтору мақомоти дахлдор, соҳибкорону роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва кулли шаҳрвандони мамлакат вазифадоранд, ки истифодаи самараноку сарфакоронаи обу замин, хусусан, заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ, васеъ ва ҳатман анҷом додани кишти такрориро таъмин намоянд.
«Инчунин, сохтору мақомоти марбутаро зарур аст, ки доир ба ҷорӣ намудани технологияҳои каммасрафи обёрӣ, ҳифзи зироат аз касаливу ҳашароти зараррасон, рушди соҳаи тухмипарварӣ, ҳалли масъалаҳои экологӣ ва пешбурди таҳқиқоти илмӣ дар ин самтҳо тадбирҳои мушаххас андешанд»,-иброз доштанд Сарвари давлат.
Ба таъкиди Президенти Тоҷикистон, танҳо бо саъю талоши ҳар як сокини мамлакат ва дар навбати аввал, роҳбарону кормандони соҳаи кишоварзӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва истифодаи самараноку оқилонаи захираҳои худӣ мо метавонем ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ, яъне ҳифзи амнияти озуқаворӣ, дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар ноил гардем.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотиррасон намуданд, ки барои таъмин намудани фаровонии бозори истеъмолии дохилӣ бо маҳсулоти ниёзи аввал, ташкил кардани захираи кофии он, аз ҷумла дар ҳар як оила, роҳ надодан ба исрофкорӣ ва хароҷоти барзиёд ва риояи ҳатмии қоидаҳои сарфаю сариштакорӣ ҳар як роҳбар, шахси масъул ва ҳар як шаҳрванд бояд муносибати ҷиддӣ ва масъулияти баланд зоҳир намояд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Имсол дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Панҷакент дар 2,5 ҳазор гектар картошка кишт карда мешавад
ПАЙВАНДИ НИҲОЛ. Он ба афзоиш ёфтани ҳосили дарахтон мусоидат мекунад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Кӯшониён бештар зироати барвақтӣ кишт гардидааст
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти баҳории картошка аз нимаи дуюми моҳи феврал оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон беш аз 29 ҳазор тонна равғани растанӣ истеҳсол шудааст
Вазири саноат ва технологияҳои нав бо муовини Сарвазир – Вазири зеҳни сунъӣ ва рушди рақамии Қазоқистон вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Италия барои воридоти технологияҳои истеҳсолӣ тақвият медиҳад
Байни Хадамоти гумрук ва ширкати ҷопонии «Yachiyo Engineering Co., LTD» оид ба хизматрасонии машваратӣ шартнома ба имзо расид
Тоҷикистон ҳамкориро бо «Google DeepMind» дар соҳаи рушди зеҳни сунъӣ густариш медиҳад
Бо мақсади иҷрои «Барномаи давлатии таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов барои солҳои 2025-2029» ҳамоиш доир шуд
Дар Саммити байналмилалии «AI Impact Summit» татбиқи зеҳни сунъӣ дар идоракунии давлатии Тоҷикистон муаррифӣ шуд
Роҳбарияти Корпоратсияи «Microsoft» барои густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ изҳори омодагӣ намуд






