Кишоварзони ноҳияи Спитамен дар 6490 гектар пунбадона кишт менамоянд
ДУШАНБЕ, 19.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар ноҳияи Спитамен тибқи нақша дар 6490 гектар пунбадона кишт карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Ноҳияи Спитамен минтақаи пахтакори вилояти Суғд ба ҳисоб меравад. Кишоварзон нақша доранд, ки имсол бо истифода аз имконоти мавҷуда, тухмиҳои ба иқлими маҳаллӣ мутобиқ ва татбиқи босамари корҳои агротехникӣ ҳосили фаровону босифат ба даст оранд.
Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Спитамен текстайлз» дар 2200 гектар пунбадона кишт карда шуд. Масъулин бо мақсади баланд бардоштани ҳосилнокӣ аз тухмиҳои хушсифату ба маҳал мувофиқ истифода бурда, корҳои агротехникиро сари вақт иҷро менамоянд.
Ҳамчунин имсол тибқи нақша дар ноҳияи Спитамен истеҳсоли 40 тонна пилла дар назар аст. Кирмакпарварӣ дар таъмини корхонаҳои саноатӣ бо ашёи хоми ватанӣ ва истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ нақши муҳим мебозад.
Аз ин рӯ барои иҷрои пурраи нақша тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, ҷиҳати ташвиқи кирмакпарварон иқдоми ҳавасмандкунанда низ амалӣ карда мешаванд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






