Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряҳоро гурӯҳи калони хабарнигорони расонаҳои Эрон инъикос менамояд
ДУШАНБЕ, 30.05.2025. /АМИТ«Ховар»/. Барои инъикоси ҷараёни баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо аз Ҷумҳурии Исломии Эрон беш аз 10 нафар намояндагони расонаҳои бонуфузи хабарӣ, ба мисли хабаргузории давлатии Эрон «ИРНА», «ИСНО», Хадамоти матбуоти муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон, Хадамоти Вазорати неруи Эрон ва ғайра дар шаҳри Душанбе қарор доранд. Чунин иброз намуд зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» намояндаи масъули Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Нодӣ Шаҳрӣ Аббос.
Нодӣ Шаҳрӣ Аббос афзуд, ки «ин сафари чоруми ман ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳар вақте ба сарзамини тоҷикон меоям, маро эҳсоси шодмонию болидарӯҳӣ фаро мегирад. Тоҷикистон сарзамини бароям ошност. Зеро дар ин ҷо ҳама чиз — ҳам табиаташ ҳам мардумонаш бароям ошнову азизанд. Аз суҳбату пазироии гарму самимии мардуми меҳмоннавози тоҷик лаззат мебарам ва ифтихор мекунам, ки бо онҳо ҳамзабону ҳамфарҳангем. Дар ҳар сафарам ман шоҳиди рушду пешрафти Тоҷикистон мегардам, ки ин боиси сарфарозии мо низ ҳаст».
Барои инъикоси Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо созмондиҳандагони ин чорабинӣ барои намояндагони воситаҳои ахбори омма тамоми шароити заруриро фароҳам овардаанд. Ин раванд ба фаъолияти самарабахши кори хабарнигорон мусоидат менамояд.
Бо дахли аҳамияти баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо Нодӣ Шаҳрӣ Аббос афзуд, ки ин конфронс қадами муҳим дар самти ҳалли масоили марбут ба тағйирёбии иқлим ва хушксолӣ аст, ки даҳсолаи охир ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст.
«Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо имкон дорад, ки ҳамкории давлатҳои ҷаҳонро дар самти ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои обӣ бо назардошти ба роҳ мондани корҳои илмию омӯзишӣ тақвият диҳад, ки он ба ҳалли масоили марбут ба тағйирёбии иқлим, хусусан ҳифзи пиряхҳои сайёраи Замин ва дар ин замина ба дурнамои рушди иқтисоди ҷаҳон мусоидат менамояд. Дар ин замина ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон дар самти обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо ки бо Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидааст, шоёни таҳсин мебошанд»,- афзуд ҳамсуҳбати мо Нодӣ Шаҳрӣ Аббос.
Иброз гардид, ки аз Эрон дар Конфронси байналмилалии сатҳи балнд оид ба ҳифзи пиряхҳо ҳайати баландпоя таҳти роҳбарии муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон иштирок дорад. Ин бозгӯйи ҷонибдории Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ташаббусҳои ҷаҳонии давлати дӯсту бародари Точикистон дар самти обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо мебошад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Дар Вена брифинг оид ба омодагӣ ба Конфронси 4-уми оби Душанбе баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Раванди оби Душанбе – арсаи муҳим дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд






