Либоси зебою шинами миллӣ дар ҳамаи давру замон зинатбахши занону духтарони тоҷик аст

Май 7, 2025 17:30

ДУШАНБЕ, 07.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз соли 2018 ҳамасола аз 1 март то 30 май дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, мақомоти маҳаллӣ ва  вазорату идораҳо   иқдоми «Тоҷикона  мепӯшем!» гузаронида мешавад.

Дар доираи ин иқдом бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъба ва бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат сайру гашт бо либоси миллӣ ташкил карда мешавад. Масъулин бо занону духтарони роҳгузар оид ба тарзи пӯшидани либоси миллӣ ва арҷ гузоштан ба он суҳбат мегузаронанд.

Бояд гуфт, ки мақсад аз баргузор намудани ин иқдом арҷ гузоштан ба фарҳанг ва либоси миллӣ, тарбия намудани ҳисси зебоипарастӣ дар ниҳоди ҷавондухтарон, баланд бардоштани шавқу ҳаваси онҳо ба либоси миллӣ, ҳамчунин пешгирии гаравидан ба фарҳанги бегона мебошад.

Корманди Муассисаи давлатии Маркази саломатии шаҳрии №8 дар шаҳри Душанбе Сурайёи Маҳмадқул иброз дошт, ки дар ҳақиқат ба бар намудани либосҳои миллӣ аз ҷониби мо, занҳо намунаи ибрат барои ҷавондухтарон буда, муаррифи фарҳанги мардуми тоҷик дар мамлакат барои сайёҳон ва дар арсаи байналмилалӣ барои ҷаҳониён мебошад.

«Ман пешниҳод менамоям, ки корхонаю коргоҳҳое, ки ба истеҳсоли атласу адрас машғул ҳастанд, ин навъи матоъро бо сифати баландтар истеҳсол намоянд. То мо тавонем куртаи атласу адрасро на танҳо дар фасли баҳор, балки дар дигар фаслҳои сол низ ба бар намоем. Яъне, он бояд тавре истеҳсол гардад, ки ранг назанад ва сифаташро гум накунад»,-мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

Ба андешаи Сурайёи Маҳмадқул, яке аз сабабҳои кам пӯшидани куртаи атласу адрас аз ҷониби занону духтарон- ин дар муддати кӯтоҳ сифаташро гум кардани он мебошад.

Аз ин рӯ пӯшидани куртаи атласу адрас, ки набояд либоси мавсимӣ ё танҳо иду ҷашнҳо бошад, ба сифати хуби ин матоъ вобастагӣ дорад.

 Ҳамсуҳбати дигари мо- сокини шаҳри Душанбе Ҷамолбӣ Салимова иброз медорад, ки «мо, занон тaрaфдори либоси миллӣ ҳaстем вa ҷaвондухтаронро дaъвaт менамоем, ки ҳеҷ гоҳ бегонaпaрaстӣ нaкaрдa, бa фaрҳaнгу тaмaддун вa aрзишҳои миллии тоҷикон эҳтиром гузорaнд. Зеро таърих гувоҳ аст, ки зан – модари тоҷик дар ҳамаи давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат буда, яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддуни миллат либоси миллии  ӯ мебошад».

«Вақте сухан дар бораи либоси миллӣ меравад, ҳатман зани чаканпӯши тоҷик пеши назар меояд. Барои ҳамагон равшан аст, ки дар Тоҷикистон атласу адраси чашмрабои мардуми Суғд, гулбасту куртачаканҳои дилкаши ҳунармандони Хатлон, гулдӯзиҳои нотакрори дӯзандагони минтақаҳои Рашт, алочаву шоҳии чирадастони водии Ҳисор, тоқӣ ва ҷуробҳои зебои занҳои ҳунарманди Бадахшон хеле овозадор буда, либоси миллии халқи тоҷик маҳз бо ҳамин рангу ҷилои зебои минтақаҳои мамлакат дар ҷаҳон муаррифӣ гардидааст»,-афзуд Ҷамолбӣ Салимова.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 7 марти соли 2025 дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Модар аз занону ҷавондухтарон даъват ба амал оварданд, ки «либосҳои зебову шинами миллии худамонро, ки дар ҳамаи давру замонҳо зинатбахши занону модарони тоҷик буданд ва ифодакунандаи ҳайсияту иффати онҳо маҳсуб мешуданд, тарк накунед. Бахусус, дар фасли баҳор, аз ҳамин рӯзҳо сар карда, хурду бузург либоси миллӣ ба бар кунед ва ифтихор дошта бошед, ки атласу адрас ва чакани тоҷикии мо ҷаҳонӣ шудааст».

Сокини 76-солаи шаҳри Кӯлоб Момаҷон Ашӯрова дар суҳбат бо мо изҳор дошт, ки «ростӣ ҳар вақте ки занону духтарони тоҷикро бо либоси миллӣ мебинам, бисёр хурсанд мешавам. Дар ҳақиқат аз матои одии пахтагин сар карда, то атласу адрас ва чакан ба занону духтарони тоҷик зебанда аст. Аслан либос дар тани зану духтари тоҷик бояд, пеш аз ҳама, шинам бошад».

Ин модаркалон иброз медорад, ки хушбахтона, бо дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол  то сол таваҷҷуҳ ба либоси миллӣ бештар гардида, шумораи занону духтарони атласпӯш ва чаканпӯш зиёд мешавад.

«Ман доимо ба наберагонам суханҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вобаста ба напӯшидани либосҳои ба фарҳанги мо бегона  ёдовар мегардам. Таъкид менамоям, ки ҳамеша либоси миллӣ пӯшанд ва фарҳанги миллии халқи тоҷикро ҳифз намоянд», — баён дошт Момаҷон Ашӯрова.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳо чунин иброз доштанд: «Занону модарони мо – тоҷикон низ тарзи хоси либосҳои миллӣ  доштанд ва онро ба мо мерос гузоштаанд, ки ҳар кадоме аз онҳо дар баробари зебоиву рангорангӣ меъёрҳои ахлоқию эътиқодии мардуми бостонии моро инъикос менамуд. Аз ин лиҳоз, мо бояд ба хотири ҳифзи асолат ва арзишҳои миллӣ воридшавии либосҳои ба ном динӣ, аммо ба урфу одат ва фарҳанги мо бегонаро пешгирӣ намоем».

Ёдовар мешавем, ки ин иқдом имрӯзҳо дар саросари мамлакат идома дошта, дар доираи он занону духтарон ҳамарӯза либоси миллӣ ба бар менамоянд.

Иқдоми ҷумҳуриявии тарғиботӣ-ташвиқотии «Тоҷикона мепӯшем!» тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ, анъанаҳои неки аҷдодӣ, махсусан либоси миллӣ- атласу адрас, чакан, баланд бардоштани фарҳанги либоспӯшӣ, таблиғу ташвиқи либоси миллӣ ва аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ амалӣ мегардад.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 7, 2025 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Туҳфаи Президенти Тоҷикистон ба ду иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар Ҳисор расонида шуд
Оид ба нақши ҷавонон дар татбиқи ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон дар самти обу иқлим ва ҳифзи пиряҳҳо ҳамоиш доир шуд
Бахшида ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо бо ибтикори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Туҳфаи Президенти Тоҷикистон ба иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ супорида шуд
ОГОҲӢ. Дар Тоҷикистон тӯфони чангу ғубори шиддатнок пешгӯӣ мешавад
Маркази саратоншиносии вилояти Суғд бо таҷҳизоти нурафкании «Брахитерапия» таъмин мегардад
Бар зидди бемориҳои замбурӯғӣ ва вирусии дарахтони мевадиҳанда кадом тадбирҳоро бояд андешид?
ҒИЗОИ СОЛИМ. Инсон дар як шабонарӯз бояд то 400 грамм меваю сабзавот истеъмол намояд
Барои зарардидагони офати табиии ноҳияи Рашт ва Тоҷикобод Маркази саломатӣ сохта мешавад
Ҳамоиши ҷумҳуриявии волонтёрон — «Пайравони Пешвои миллатем» баргузор гардид
Дар Муъминобод бо иштироки оилаҳои намунавӣ озмуни «Оилаи беҳтарин» баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Шурои ҷамъиятии назди Хадамоти муҳоҷират доир гардид