Масъалаҳои рушди ҳамкории стратегии Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 15.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои муҳими рушди минбаъдаи ҳамкории стратегии Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд 14 май дар мулоқоти муовини якуми Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ бо Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд хонум Одил Рено-Бассо дар шаҳри Лондони Британияи Кабир баррасӣ гардиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Ҷониби Тоҷикистон ба саҳми арзишманди бонк дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ, бахусус дар бахшҳои энергетика ва нақлиёт, инчунин дастгирии рушди бахши хусусӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ ва таъмини дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ ишора намуда, аз натиҷаҳои назарраси ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ намуд.
Ҷониби Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки Бонки аврупоии таҷдид ва рушд саҳми маблағгузории грантиро дар маҷмуи маблағгузории лоиҳаҳои барои Тоҷикистон афзалиятнок, ба монанди рушди инфрасохтори шаҳрӣ, самаранокии энергетикӣ тавассути насби ҳисобкунакҳои интеллектуалӣ ва таъсиси неругоҳҳои барқи офтобӣ, модернизатсияи шабакаҳои обрасонӣ ва роҳҳо, рақамикунонии бахшҳои иқтисод ва татбиқи технологияҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза афзоиш диҳад.
Ҷонибҳо барои густариши ҳамкории бисёрсамта изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷиро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд






