Машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея баргузор шуданд
ДУШАНБЕ, 14.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 13 май дар шаҳри Душанбе машваратҳои сиёсии байниидоравӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея дар сатҳи роҳбарони воҳидҳои сохторӣ баргузор гардиданд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни машваратҳои навбатӣ ҷонибҳо барои густариши ҳамкорӣ, тақвияти тамосҳои байниидоравӣ, таҳкими пояи шартномавӣ-ҳуқуқӣ ва рушди ҳамкории иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея изҳори омодагӣ намуданд.
Ҳайати Ҷумҳурии Корея ҳамчунин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода мулоқот намуд. Зимни вохӯрӣ таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Корея ва самтҳои авлавиятноки ҳамкорӣ дар ҳошияи Форуми ҳамкории «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд
Дар Москва ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Муаррифии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Минск идома дорад
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ бар зидди ҷиноятҳои киберӣ имзо намуд






