Муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо муовини Сарвазири Булғористон Атанас Зафиров мулоқот намуд

Май 29, 2025 11:50

ДУШАНБЕ, 29.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар ҳошияи  Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ва бахшида ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (2025) мулоқоти муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо муовини Сарвазири Булғористон Атанас Зафиров баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Ҳоким Холиқзода иштироки Атанас Зафировро дар Конфронси сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо на танҳо баҳои баланд ба ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, балки далели равшани таваҷҷуҳи Булғористон ба ҳалли мушкилоти ҳаётан муҳими ҷаҳонӣ унвон намуд.

«Мо ба тавсеаи ҳамкории дуҷониба бо Булғористон дар самтҳои мухталиф ҳавасманд ҳастем ва итминон дорем, ки дар ин самт ҳамкории муштарак байни ниҳодҳои дахлдор, аз ҷумла бахши хусусӣ таҳким хоҳад ёфт»,-иброз намуд Ҳоким Холиқзода.

Таъкид гардид, ки ҳарду давлат бояд барои зиёд кардани муомилоти мол дар муносибатҳои тиҷоратӣ бештар талош намоянд. Ташкили форумҳои тиҷоратӣ  майдони мусоид барои муттаҳид кардани соҳибкорон ва субъектҳои хоҷагидории ду давлат дар роҳи татбиқи  лоиҳаҳои нави ҳамкорӣ арзёбӣ карда шуд.

Ҳамзамон дар вохӯрӣ таъкид гардид, ки таъсиси Комиссияи доимии байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникӣ байни ду кишвар, инчунин мавҷудияти низоми бе раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ низ метавонад ба густариши минбаъдаи муколамаи созанда байни давлатҳо мусоидат намояд.

Ҷонибҳо барои  густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика, сармоягузорӣ ва сайёҳӣ, инчунин рушди муносибатҳои байнипарламентӣ изҳори омодагию ҳавасмандии зиёд намуданд.

Май 29, 2025 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзӣ дар Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав шинос шуд
Ҷаласаи нахустини Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд
Ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунандаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид доир шуд
Нишасти Кумитаи пайгирии иҷрои Протоколи Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон баргузор гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» Маркази логистикӣ таъсис дода мешавад
Ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Покистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ доир мегардад
Дар Тотористон бо соҳибкорони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Хатҳои интиқоли барқ дар Кӯҳистони Мастчоҳ бояд навсозӣ карда шаванд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» таъсиси корхонаҳои нав бо сармоягузорони эронӣ баррасӣ гардид
Раванди оби Душанбе – арсаи муҳим дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об
Дар Деҳлӣ ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи саноат ва технологияҳои муосир баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон саҳми бахши хусусӣ дар истеҳсоли молҳо ба 80 фоиз расид