НАМУНАИ ИБРАТ. 40 сокини ноҳияи Данғара маблағи ҳаҷро дар корҳои ободонӣ сарф намуданд

Май 19, 2025 11:35

ДУШАНБЕ, 19.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имсол 80 сокини ноҳияи Данғара барои адои маросими ҳаҷ номнавис шудаанд. Аз ин шумора 40 нафар аз рафтан ба ҳаҷ даст кашида, маблағҳои бо ин мақсад пасандозкардаашонро барои корҳои хайр ва ободонии ноҳия сарф намуданд. Ин  иқдом қобили таҳсин ва дастгирӣ мебошад. Дар ин хусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 17 май зимни суханронӣ дар семинар–машварати ҷумҳуриявӣ бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар ноҳияи Данғара ибрози назар намуданд.

Ба таъкиди Сарвари давлат, танҳо дар ҷамоатҳои деҳоти Пушинг ва Корез бо саҳми аҳолӣ ва соҳибкорону шахсони саховатпеша 5 мактаб барои 4800 хонанда, кӯдакистон, муассисаҳои тандурустӣ ва 7 корхонаи истеҳсолӣ сохта шудаанд.

Дар робита ба ин Пешвои миллат ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва вазорату идораҳое, ки масъули иҷрои корҳои ободонию созандагӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мебошанд, супориш доданд, ки таҷрибаи ҷамоатҳои деҳоти Пушинг ва Корезро омӯзанд ва барои сари вақт ва босифат иҷро намудани нақшаҳои пешбинигардида истифода намоянд.

«Ободиҳое, ки дар ноҳияи Данғара ва деҳаҳои он дидед, таҷрибаи хуби ба созандагию ободонӣ ҷалб намудани соҳибкорон ва аҳолӣ мебошад»,-афзуданд Сарвари давлат.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ иброз намуданд, ки «дар робита ба амалисозии корҳои неку созандаи мардуми шарифи мамлакат, аз ҷумла соҳибкорону сокинони ноҳияи Данғара ва саҳмгузорӣ дар ободонию пешрафти мамлакат бори дигар ба ҳамаи соҳибкорон, шахсони саховатпеша ва кулли сокинони Тоҷикистон барои дастгирии ташаббусҳои Ҳукумати Тоҷикистон сипосу миннатдории самимӣ баён менамоям».

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 19, 2025 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид