Наваскарони қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон савганди садоқат ёд намуданд

Май 9, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 09.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар 41 боғи фарҳангӣ – фароғатии шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки масъулин ва волидон маросими бошукӯҳи савгандёдкунии наваскарони даъвати баҳорӣ доир карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Чорабиниҳои ҳарбӣ – ватандӯстӣ дар шаҳри Душанбе низ бо шукуҳи хосса дар «Боғи Ғалаба», «Майдони Истиқлол», «Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Александр Мироненко» ва Боғи фарҳангию фароғатии ба номи «Абулқосим Фирдавсӣ» баргузор гардиданд.

Таъкид шуд, ки савганди ҳарбӣ рукни муҳим буда, ҳар як афсару сарбоз бо ёд намудани он минбаъд дар давоми хизмат тамоми вазифаву уҳдадориҳои худро сарбаландонаву софдилона иҷро менамояд. Имрӯз ҷавонони далеру шуҷои Ватан баҳри ободии Тоҷикистон, таҳкими амнияту субот ва пешрафти рӯзафзуни мамлакат кӯшиш намуда, қарзи фарзандии худро дар назди Ватан – Модар ба таври шоистаю намунавӣ иҷро менамоянд.

Наваскарон бо нидои садоқат ба Ватан савганди ватандорӣ ёд намуданд. Ҳамчунин дар назди шаҳрвандон ва ҷавонони синни даъватӣ машқҳои ҳарбӣ намоиш дода шуда, гузашти низомӣ баргузор гардид.

Баъд аз қисми расмии чорабиниҳои ҳарбӣ – ватандӯстӣ гурӯҳи ҳаваскорон суруду оҳангҳои ватандӯстиро пешниҳоди иштирокчиён гардониданд.

 

АКС: Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Май 9, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Филиппин Форуми байналмилалии тандурустӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст