Оид ба омӯзиши ҳолати муосири криосфераи Тоҷикистон ва нақши он дар минтақа конфронси байналмилалӣ доир гардид

Май 27, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 27.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо таҳти унвони  «Омӯзиши ҳолати муосири  криосфераи Тоҷикистон ва нақши он дар гидрологияи Осиёи Марказӣ» конфронси байналмилалӣ баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоқикистон хабар доданд.

Конфронс бо ташаббуси Маркази омӯзиши пиряхҳо дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Фрибург ва Донишгоҳи полярии Швейтсария баргузор шуда, дар он олимони соҳа ва намояндагони шарикони рушд иштирок намуданд.

Дар конфронс мавзуъҳои «Вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон», «Нақши криосфера дар таъмини оби дарёҳо ва обанборҳо дар минтақа», «Робитаи байни пиряхҳо ва ҳолатҳои хатарзои онҳо,  ба монанди обхезӣ, тармафароӣ, сели пиряхӣ, набзиши  пиряхҳо ва канда шудани кӯлҳои пиряхӣ», «Муҳити зист ва таъсири обшавии пиряхҳо ба экосистемаҳо», «Зарурати мониторинги муосир ва мубодилаи маълумот дар сатҳи минтақавӣ» ва «Ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар самти таҳқиқот» баррасӣ гардиданд.

Иброз гардид, ки криосфера, ки қисмати яхбастаи Заминро ба монанди пиряхҳо, барф, тарма ва яхбандиҳои абадӣ дар бар мегирад, дар ташаккули  иқлим ва гардиши об дар табиат нақши калидӣ мебозад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо доштани захираҳои беҳамтои обӣ, пиряхҳои бузург ва минтақаҳои васеи яхбандии доимӣ яке аз муҳимтарин давлати дорои яхбандиҳои бузург дар Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад.


Тағйирёбии иқлим, хусусан дар даҳсолаҳои охир ба ин захираҳои криосферӣ таъсири мустақим расонида, обшавии онҳо ва тағйири низоми гидрологиро ба бор овардааст. Ин раванд на танҳо муҳити зисти кӯҳистон, балки таъминоти обӣ, энергетика, кишоварзӣ ва амнияти озуқавории тамоми минтақаи Осиёи Марказиро таҳти таъсири худ қарор медиҳад. Тоҷикистон, ки бо захираҳои бойи обии худ ҳамчун «Қалби обии Осиёи Марказӣ» шинохта мешавад, дар раванди обшавии босуръати пиряхҳо ва тағйири низоми гидрологӣ қарор дорад.

Ёдовар мешавем, ки 29-31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор мегардад. Он аввалин конфронси байналмилалии сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳифзи пиряхҳо дар миқёси ҷаҳон мебошад.

Мақсади асосии конфронс ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи ҳифзи пиряхҳо, таъсири тағйирёбии иқлим ва гармшавии глобалӣ ба онҳо мебошад.

АКС: Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Май 27, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
22 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБ. Тоҷикистон дар масъалаи пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об давлати пешсаф эътироф шудааст
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Конфронси чоруми Душанбе байни конфронсҳои солҳои 2023 ва 2026 ҳамчун пул хизмат менамояд
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Оид ба тадбирҳои технологии ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид