Озмоишгоҳҳои низоми иттилоотии пиряхҳои Тоҷикистон ва сифати об, санитария ва изотопҳо ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 26.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Озмоишгоҳи низоми иттилоотии пиряхҳои Тоҷикистон ба истифода дода шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
Озмоишгоҳ бо истифода аз аксҳои моҳвораии сифати баланд ва дақиқияти боло пиряхҳоро таҳқиқ намуда, масоҳати онҳоро дар давраи интихобшуда барои ҳар ҳавзаи пиряхӣ муайян менамояд. Сипас аз рӯи муқоисаи маълумоти сарфи об ва маълумоти метеорологии бориш ва ҳарорат равандҳои ташаккулёбӣ ва таназзулёбии пиряхҳо муайян карда мешаванд.
Ҳамчунин дар озмоишгоҳ равандҳои динамикии пиряхҳои Тоҷикистон ва кӯлҳои пиряхӣ таҳқиқ шуда, моделронии ташаккулёбии минбаъдаи онҳо амалӣ мешавад. Ҳамзамон барои дақиқ муайян намудани равандҳои криосфера бо истифода аз дастгоҳҳои худпарвози бесарнишин ва таҳқиқоти саҳроӣ чорабиниҳои илмӣ-таҳқиқотӣ гузаронида мешаванд.
Инчунин дар Маркази омӯзиши пиряхҳо Озмоишгоҳи сифати об, санитария ва изотопҳо ба истифода дода шуд. Яке аз усулҳои дақиқ ва муосири омӯзиши пиряхҳо ва ҳифзи захираҳои обӣ дар озмоишгоҳ истифодаи таҳлили устувори изотопӣ бо истифода аз дастгоҳи лазерии PICARRO мебошад. Бо дастгирии Агентии байналмилалии неруи атомӣ озмоишгоҳ бо ин дастгоҳ, ки он яке аз дастгоҳи гаронарзиш ва нодир ба ҳисоб меравад, таъмин гардид.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон










Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Оид ба тадбирҳои технологии ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид






