Президенти Тоҷикистон: «Ҳамаи иқдом, дастгирию ғамхории Ҳукумати Тоҷикистон ба хотири соҳиби илму дониши муосир гардидани ҷавонон аст»

Май 23, 2025 15:56

ДУШАНБЕ, 23.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Сиёсати ҷавонгардонии кадрҳои хизмати давлатӣ, таъсиси квотаву стипендияҳои президентӣ, Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман!», «Илм-фурӯғи маърифат» ва чорабиниҳои дигар- ҳама гувоҳи ғамхорию таваҷҷуҳи доимии давлат ва Ҳукумати мамлакат ба наврасону ҷавонон – насли ояндасози ҷомеа мебошад. Чунин иброз намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон.

Сарвари давлат изҳор доштанд, ки бо мақсади рушди илмҳои дақиқ, густариши тафаккури навоварӣ ва истифодаи васеи технологияҳои муосир солҳои 2020-2040-ро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ва солҳои 2025 – 2030-ро «Солҳои рушди инноватсия ва иқтисоди рақамӣ» эълон намудем.

«Дар ин раванд аз ҷавонони созандаи Ватан умед дорем, ки бо омӯхтани илму донишҳои муосир, дар навбати аввал, илмҳои дақиқ ва риёзӣ, эҷодкорию ихтироъкорӣ, ҷаҳонбинии васеъ ва ташаббускорӣ дар амалӣ сохтани ин ҳадаф низ саҳми арзанда мегузоранд», — баён доштанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Ёдовар мешавем, ки соли ҳафтум аст дар мамлакат Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва тақвияти ҷаҳони маънавӣ дар байни аҳолии мамлакат баргузор мегардад.

Соли равон мукофотпулӣ барои ғолибони озмун ду баробар зиёд карда шуда, маблағи умумӣ барои баргузорӣ ва қадршиносии ғолибони озмун 6 670 000 (шаш миллиону шашсаду ҳафтод ҳазор) сомониро ташкил медиҳад.

Барои ғолибони ҷойи сеюм 40 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм 50 ҳазор сомонӣ, ҷойи якум 70 ҳазор сомонӣ ва барандаи Шоҳҷоиза 140 ҳазор сомонӣ муқаррар гардидааст.

Инчунин барои омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки шогирдонашон дар озмун ҷойҳои 1, 2, 3 ва Шоҳҷоиза мегиранд, 20 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ муқаррар карда шудааст.

Ҳамчунин хонандагон ва донишҷӯёне, ки дар муассисаҳои таълимӣ дар гурӯҳҳои пулакӣ таҳсил менамоянд, дар мавриди дар даври ҷумҳуриявии озмун сазовори ҷойҳои 1, 2, 3 ва ё Шоҳҷоиза гардидан ба гурӯҳи ройгони таҳсил гузаронида мешаванд.

Озмуни «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, рушди минбаъдаи малакаву маҳорати касбии онҳо, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди асарҳои нави мусиқӣ, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар эъмори давлатдории навини тоҷикон ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон баргузор мегардад.

Маблағи мукофот барои ҳамаи ғолибони озмун 6 260 000 (шаш миллиону дусаду шаст ҳазор) сомониро ташкил медиҳад. Барои ғолибони ҷойи сеюм 30 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм 50 ҳазор сомонӣ, ҷойи якум 70 ҳазор сомонӣ ва барандаи Шоҳҷоиза 100 ҳазор сомонӣ муқаррар гардидааст.

Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайванди илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён, магистрантону докторантон аз рӯйи ихтисос (PhD), ходимони илмӣ ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо гузаронида мешавад.

Бо дастури Сарвари давлат имсол ҳаҷми маблағи мукофот барои ҳамаи ғолибони озмун ду баробар зиёд карда шуда, барои озмун аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 миллиону 220 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид.

Ҳамаи ин иқдом дастгирию ғамхории давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон, хусусан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири соҳиби илму донишҳои муосир ва касбу ҳунарҳои замонавӣ гардонидани ҷавонони мамлакат мебошанд.

Рӯй овардан ба илм, илмомӯзӣ ва бахусус илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ барои рушди устувори иқтисоди мамлакат ва таъмини рақобатпазирии давлат дар арсаи ҷаҳон заминаи устувор мегузорад.

Дар ин раванд амалӣ намудани ин иқдом ҳамчун таҳкимбахши рушди воқеии иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат ва тавсеаи ҷаҳонбинии илмӣ вазифаи ҳар фарди худогоҳу худшинос, хусусан ҷавонон мебошад.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Май 23, 2025 15:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафари Корвони «Модарони ваҳдатсаро» ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оғоз гардид
Дар Озарбойҷон Конфронси байналмилалии ҳизбҳои сиёсӣ баргузор шуд
Фестивали дӯстии ҷавонон-2025 оғоз шуд
Ҷашни Тиргон бо баргузории иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» таҷлил мегардад
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии донори хун дар Тоҷикистон маъракаи хунсупорӣ гузаронида шуд
Дар Женева масъалаи кушодани марказҳои раводиди давлатҳои Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Каролин Глейч: «Тоҷикистон сарзамине бо табиати нотакрор аст ва мебояд, ин зебоиро ба тамоми ҷаҳон нишон дод!»
Бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ Корвони «Модарони ваҳдатсаро» ташкил мегардад
БАҲРИ АРАЛ. Нигине, ки дар байни сарзамини хушку ташналаб медурахшид, аз байн меравад
ЗАХИРА БАРОИ ЗИМИСТОН. Дар шароити хона чӣ тавр бояд хушкмева тайёр намуд?
Меваҳои яхкардашуда манбаи витамину минералҳо буда, масуниятро баланд менамоянд
Дар Женева ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии меҳнат баррасӣ гардид