Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Ориф мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 29.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 29 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Ориф, ки бо сафари расмӣ ва бо мақсади иштирок дар нахустин Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо ба Душанбе ташриф овардаанд, мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ масоили рушду тавсеаи робитаҳои гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ гардид.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки мо аз раванди рӯ ба густариши муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳоямон изҳори қаноатмандӣ менамоем ва алоқаманди рушди минбаъдаи онҳо ҳастем.
Ба робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, нафту газ, ҳамлу нақли байналмилалӣ, илмиву фанновариҳо, кишоварзӣ, тандурустӣ ва дигар бахшҳо аз масъалаҳои муҳими суҳбат буд.
Таъкид гардид, ки дар тавсеаи ҳамкории гуногунҷанба робитаҳои байнипарлумонӣ нақши бориз доранд.
Алоқамандии ду кишвар ба тавсеаи ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва Созмони ҳамкории исломӣ таъкид карда шуд.
Дар ин зимн дар доираи созмонҳои мазкур таҷрибаи пуштибонӣ аз ташаббусҳои ҳамдигар баланд арзёбӣ гардид.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ — 2026 иштирок намуданд
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Конфронси чоруми Душанбе байни конфронсҳои солҳои 2023 ва 2026 ҳамчун пул хизмат менамояд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид






