Тоҷикистон аъзои Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат (IUCN) гардид
ДУШАНБЕ, 31.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат (IUCN) — бузургтарин шабакаи экологӣ дар ҷаҳон гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат бо ифтихор Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати 88-уми аъзо истиқбол намуд. Эълони ин тасмим дар Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки дар Душанбе идома дорад, садо дод, ки ин сарварии Тоҷикистонро дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо ва таъмини амнияти об ҳамчун мавзуъҳои муҳими муколамаи ҷаҳонии экологӣ таъкид менамояд.
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндаи расмии ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо Котиботи Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат муайян карда шудааст.
Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода изҳор дошт, ки «бо пайвастан ба Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат Тоҷикистон уҳдадориро барои ҳалли мушкилоти муҳими экологӣ, аз ҷумла ҳифзи пиряхҳо, нигоҳдории гуногунии биологӣ ва барқарорсозии экосистемаҳо тасдиқ менамояд. Узвият дарИттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат ба мо имкон медиҳад, ки аз таҷрибаи байналмилалӣ ва шабакаи шарикон баҳра барем, то афзалияти миллӣ дар соҳаи ҳифзи табиатро пеш бурда, дар ташаббусҳои ҷаҳонӣ иштирок намоем».
Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ дорои манзараҳои табиии таъсирбахш буда, зистгоҳи намудҳои нодир, ба мисли бабри барфӣ ва гӯсфанди кӯҳии Марко Поло мебошад. Сиёсати экологии мамлакат бо Стратегияи миллӣ ва Нақшаи амали нигоҳдории гуногунии биологӣ таҳким ёфта, шабакаи рӯзафзуни ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, аз ҷумла Парки миллии Тоҷикистонро, ки ба рӯйхати мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дохил шудааст, дастгирӣ менамояд.
Директори генералии Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат Грэтел Агилар изҳор дошт, ки «мо Тоҷикистонро ҳамчун аъзои нави IUCN самимона табрик ва истиқбол мекунем. Ин шарикӣ иродаи моро барои ҳифзи табиат тасдиқ мекунад. Тоҷикистон дар ҳифзи табиат роҳбарии илҳомбахш ва содиқ буданро намоиш медиҳад ва мо аз ҳамкорӣ бо он ифтихор мекунем. Инчунин мо интизори тавсеаи ҳамкорӣ дар пешбурди ташаббусҳои ҳифзи пиряхҳо ва таҳкими идоракунии одилонаи захираҳои обӣ ҳастем».
Иштироки Тоҷикистон дар Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат дар давраи тавсеаи ҳамкории минтақавӣ ба амал омадааст. Дар доираи ташаббуси «Саломатии ягона дар нигаҳдории табиат дар Осиёи Марказӣ» Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат ва шариконаш барои коҳиш додани хатарҳои бемориҳои зоонозӣ тавассути таҳкими саломатии экосистемаҳо ва идоракунии ҳудудҳои муҳофизатшаванда кор мекунанд. Ҳамчунин Тоҷикистон дар ташаббуси «Олами кабуд – Осиёи Марказӣ 2.0» фаъолона иштирок менамояд, ки ба идоракунии фаромарзии захираҳои обӣ ва ҳамкорӣ дар ҳавзаҳои вобаста ба пиряхҳо мусоидат менамояд.
Баромади Тоҷикистон ба Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат ҳамчун давлати 88-уми аъзо, ки дуюмин кишвар аз Осиёи Марказӣ пас аз Узбекистон (пайвасташавӣ дар соли 2021) мебошад, бо узвият дар Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат дастрасии васеъ ба шабакаи ҷаҳонии донишҳо, тахассусҳо, стандартҳои Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиатро пайдо мекунад. Ин шарикӣ инчунин имконияти нав барои ҳамкорӣ тавассути механизмҳои молиявии байналмилалӣ, аз ҷумла Фонди Глобалии Экологӣ (GEF) ва Фонди Глобалии Барномаи Чаҳорчӯбаи гуногунии биологӣ (GBFF) фароҳам оварда, ба расидан ба ҳадафҳои ҷаҳонӣ дар соҳаи иқлим ва гуногунии биологӣ мусоидат менамояд.
Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат иттиҳоди беназире аст, ки ҳам мақомоти давлатӣ ва ҳам созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандиро фаро мегирад. Он дониш, захираҳо ва имконияти беш аз 1400 созмони аъзо ва тақрибан 16000 коршиносро муттаҳид менамояд. Бо сабаби гуногунӣ ва таҷрибаи васеаш Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат яке аз ниҳодҳои пешбари ҷаҳонӣ дар арзёбии ҳолати муҳити табиӣ ва тадбирҳои зарурӣ барои ҳифзи он мебошад.
Дафтари минтақавии Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат барои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ (ECARO) соли 2015 бо мақсади дастгирии фаъолияти Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат ва татбиқи Барномаи Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат дар кишварҳои минтақа таъсис дода шудааст. Мақсади асосии он пешбурди идоракунии самаранок, нигоҳдории дарозмуддати гуногунии биологӣ ва истифодаи устувори захираҳои табиӣ мебошад. Дафтари минтақавӣ дар шаҳри Белград (Сербия) ҷойгир аст ва аввал ҳамчун Дафтари Барномавии Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат барои Аврупои Ҷанубу Шарқӣ соли 2004 таъсис ёфта буд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Тоҷикистон ва Қатар роҳҳои густариши ҳамкорӣ дар соҳаи авиатсияи гражданиро баррасӣ карданд
Дар Тоҷикистон тайи ду даҳсолаи охир беш аз чор миллион ҷойи кор таъсис ва барқарор гардидааст
Дар Душанбе Муколамаи минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳти унвони «80 миллион нафар, 5 кишвар, 1 овоз» доир гардид
Дар Форуми байналмилалии «Хатлон инвест-2025» байни ширкату корхонаҳои истеҳсолию саноатӣ санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо мерасанд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи умумии солонаи аъзоёни Шабакаи байниидоравии Камден иштирок намуд
БАРНОМАИ КАБУДИРЗОРКУНӢ. Дар доираи ин барнома дар Тоҷикистон ҳудуди ду миллиард дарахт шинонида мешавад
ШАРШАРАҲОИ ЗЕБОИ БАЛҶУВОН. Табиати нотакрори ин минтақаро беш аз 45 ҳазор сайёҳон тамошо карданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ вазъи соҳаи роҳу нақлиёт ва таҳлили сатҳи рақамикунонии соҳа баррасӣ гардид
Пулҳои коғазии ҷашнӣ бо арзиши номиналии 100 сомонӣ ба муомилот бароварда шуд
Даромади буҷети давлатӣ барои соли 2026 дар ҳаҷми 65 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
РУШДИ САНОАТ. Дар Тоҷикистон ҳамасола зиёда аз 4,4 миллион тонна семент истеҳсол мегардад
Дар Душанбе дар мавзуи «Пули сомонӣ-рукни давлатдории миллӣ» конфронси илмӣ-назариявӣ баргузор шуд






