110 нафар соҳиби шаҳодатномаи маҳфили «Пайравони Пешвои миллат» гардиданд
ДУШАНБЕ, 03.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. 2 июн дар толори IT PARK DUSHANBE — Маркази технологияҳои пешқадами шаҳри Душанбе бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» дар якҷоягӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷамъбасти даври омӯзишии «Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат», ки давоми ним соли охир 110 нафар фаъолҷавононро аз донишгоҳу донишкадаҳои ҳудуди пойтахт ба омӯзиш фаро гирифта буд, ҷамъбаст гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Даври омӯзишӣ бо ҷалби ходимони давлатӣ, шахсиятҳои шинохта, роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, собиқадорони соҳаҳои мухталиф ва соҳибкорони муваффақ дар давоми ним сол баргузор гардида, ба шунавандагони он имрӯз дар арафаи ҷамъбасти моҳвораи ҷавонон дар фазои тантанавӣ шаҳодатнома ва дипломҳои хатм тақдим гардид.
Ташкили ин даври омӯзишӣ танҳо ба он хотир нест, ки иштирокчиён бо фаъолияти шахсони барӯманди ҷомеа ва ниҳоди давлативу ҷамъиятӣ бохабар шаванд, балки бо гирифтани донишҳо қувваи зеҳнӣ ва тафаккури худро мустаҳкам намоянд.
Саҳми аъзои Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат», ки аксари онҳо хатмкунандагони ин даври омӯзишӣ мебошанд, дар маъракаҳои муҳими сиёсӣ, аз ҷумла интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони маҳаллӣ назаррас буда, натиҷаи фаъолияти самарабахши онҳо аз ҷониби мушоҳидони байналмилалӣ низ баҳои баланд гирифтааст.
Пас аз хатми даври омӯзишӣ, ҷавонон ҳамчун кадрҳои омодашуда ба хизмати давлатӣ ва ҳарбӣ ҷалб гардида, дар соҳаҳои гуногун ҳамчун мутахассисони баландихтисос фаъолият менамоянд. Айнӣ ҳол теъдоди муайяни хатмкунандагон дар вазорату идораҳои гуногуни мамлакат ба ҳайси кадрҳои соҳибихтисос фаъолият менамоянд.
Даври омӯзишӣ дар доираи нақша – чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» аз соли 2019 то инҷониб доир мешавад.
Мақсад аз роҳандозии маҳфили омӯзишии «Ҷавонон — пайрави Пешвои миллат», пеш аз ҳама, омӯзиши мактаби бузурги Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба сулҳу ваҳдат, корҳои бунёдкорӣ, созандагӣ, тақвият бахшидани эҳсоси ватандӯстӣ ва баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон мебошад.
Ба иштирокдорони маҳфили омӯзишии «Ҷавонон — пайрави Пешвои миллат» мутахассисони варзидаи мамлакат, роҳбарони вазорату идораҳо, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва олимону донишмандон оид ба паҳлӯҳои мухталифи давлатдорӣ ва таърихи соҳибдавлатӣ, хусусияти хоси фарҳанги миллати тоҷик ба ҷавонон дарс мегӯянд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад






