Ҳамкории Тоҷикистон бо Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 13.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Париж мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) барои Аврупо (UNECE) Татяна Молчан баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни суҳбат ҷонибҳо оид ба мавзӯъҳои рушди ҳамкорӣ дар самти татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор, аз ҷумла дар соҳаҳои беҳсозии ҳамлу нақли минтақавӣ, соддасозии расмиёти савдо, истифодаи устувори захираҳои об, гузариш ба иқтисоди сабз ва рақамисозӣ, инчунин масъалаҳои муҳими ҳамгироии минтақавӣ табодули афкор намуданд.
Ёдовар мешавем, ки ҳайати Тоҷикистон 11 июн дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба 50-солагии Барномаи байниҳукуматии гидрологӣ ва 60-солагии илмҳои оби ЮНЕСКО ишитрок намуд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд
Дар Москва ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Муаррифии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Минск идома дорад
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ бар зидди ҷиноятҳои киберӣ имзо намуд






