«БЕҲТАРИН ОМӮЗГОР». Фотима Сайдализода дар Озмуни байналмилалии таҳқиқотӣ сазовори дипломи дараҷаи I гардид
ДУШАНБЕ, 25.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Омӯзгори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Фотима Сайдализода дар Озмуни байналмилалии таҳқиқотии «Беҳтарин омӯзгор» сазовори дипломи дараҷаи I гардид.
Тавре аз Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, озмуни байналмилалӣ дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон аз ҷониби Маркази байналмилалии таҳқиқотии «Endless Light in Science» баргузор шуд. Дар он омӯзгорону муҳаққиқон аз давлатҳои мухталиф тариқи фосилавӣ иштирок ва мақолаҳои илмии худро пешниҳод намуданд.
Фотима Сайдализода дар ин озмун бо мақолаи таҳқиқотии худ таҳти унвони «Истифодаи мафҳуми «Меҳнат» дар асоси масалу мақолҳои забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ» пешниҳод намуд.
Муаллиф мақолҳои мардумӣ, мафҳуми меҳнатро дар забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ мавриди муқоиса ва таҳлил қарор дода, аҳамияти онро дар омӯзиши фарҳанг ва ҷаҳонбинии мардум собит намудааст.
АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ








Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид
Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд






