Дар 21 гектар замини хоҷагии деҳқонии «Абдуҷаббор»-и ноҳияи Фархор ниҳолҳои пистаи навъи тоҷикӣ парвариш меёбанд
ДУШАНБЕ, 21.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти Зафари ноҳияи Фархор хоҷагии деҳқонии «Абдуҷаббор» фаъолият мекунад, ки дорои 35 гектар замин мебошад. Дар 25 гектар замини ин хоҷагӣ боғи писта бунёд гардидааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.
Боғи писта бо риояи талаботи қоидаҳои агротехникӣ бунёд шуда, айни замон ниҳолҳо нашъунамои хуб доранд. Дар боғи писта ниҳолҳои навъи тоҷикӣ дар 21 гектар, эронӣ 2 гектар, туркӣ 2 гектар шинонида шуда, 20 нафар сокинон ба таври мавсимӣ ва 5 нафар доимӣ ба кор фаро гирифта шудаанд.
Тибқи хулосаи коршиносон, дар баробари мутобиқати иқлим пистаи дар минтақаҳои кӯҳии вилояти Хатлон парваришёфта нисбат ба маҳсулоти воридотии он сифати беҳтар дорад. Агар таркиби пистаи воридотӣ 47 дарсад равған дошта бошад, пас дараҷаи равғаннокии пистаҳои маҳаллӣ ба 67 дарсад мерасад.
Пистаи маҳаллӣ равғаннокии зиёд дошта, болаззаттар аст. Дар хоҷагиҳои ҷангал барои васеъ намудани майдони пистазор аз тухмиҳои босифату донакалони ба маҳал мутобиқ истифода бурда мешавад.
Хусусияти хоси биологию экологии писта, ба шароити гармиҳои хушк ва сардиҳои баланд тобовар будан имкон медиҳад, ки майдонҳои зиёд барои бунёду парвариши боғҳои саноатии писта аз худ карда шуда, ба тараққиёти соҳаи пистапарварӣ дар Тоҷикистон ва баланд бардоштани некуаҳволии аҳолии ин минтақаҳои пистапарварӣ мусоидат намоянд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид






