Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд
ДУШАНБЕ, 26.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Маҳз самару баракати Ваҳдати миллӣ аст, ки як рӯз пеш, 25 июн бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоҳроҳи байналмилалии Қалъаихумб – Ванҷ – сарҳади Рӯшон ба масофаи 92,5 километр бо 12 пули мошингузар ва яке аз нақбҳои он бо дарозии 3400 метр мавриди истифода қарор дода шуд. Аз ду нақби дар ин масир бунёдгардида – яке «Тоҷикистон» (3400 метр) ва нақби дуюм, ки бо дарозии 1800 метр то охири сол ба истифода дода мешавад, «Бадахшон» номгузорӣ гардид. Дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба ин монанд, дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ дигар иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуда истодаанд, ки боиси ифтихори мост. Ин матлабро директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Ҳалимзод дар ҳамоише, ки бахшида ба таҷлили 28–умин солагарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ доир гардид, баён дошт.
Дар ҳамоиш ҳамчунин собиқадори соҳа Дилмурод Давлатзода ва муовини директори Агентии иннноватсия ва технологияҳои рақамӣ Мералӣ Бодуршозода дар бораи аҳамияти ваҳдати миллӣ дар рушди Тоҷикистон, таърихи расидан ба ин дастоварди арзишманд ва хизматҳои беназири меъмори сулҳу ваҳдат –муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози андеша намуда, бо овардани далелҳои зиёд гуфтаҳои худро тақвият бахшиданд.
Директори Агентӣ Абдураҳмон Ҳалимзод таъкид намуд, ки «боиси ифтихори мост, ки имрӯз Тоҷикистони мо тавассути ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба обу иқлим, мизбони чорабиниҳои сатҳи байналмиллалӣ гардидааст. Қабули ташаббусҳои Сарвари давлати мо аз ҷониби давлатҳои дунё шаҳодати боло рафтани обруи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Ин ҳама дастоварҳои мамлакати мо натиҷаи амну осудагии мамлакати мо ва самари ваҳдати миллӣ аст».
«Ҳеҷ гоҳ бояд аз хотир набарорем, ки сулҳу ваҳдат ба осонӣ ба даст наомадааст. Ин неъмати бебаҳо ба ивази ҷонбозиҳои фарзандони фарзонаи миллат ба мо муяссар гардидааст. Барои таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ ҳамаамон бояд аз як гиребон сар бароварда, дар атрофи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мутаҳҳид шуда, бо меҳнати содиқонаву холисона дар рушди Ватан саҳми арзанда гузорем»,- гуфт дар фарҷом Абдураҳмон Ҳалимзод.
АКС: Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд






