Дар Душанбе ҳамкории иқтисодӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки Тоҷикистону Чин баррасӣ гардид

Июнь 7, 2025 11:30

ДУШАНБЕ, 07.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе Форуми соҳибкории Тоҷикистону Чин баргузор гардид. Дар ҳошияи Форум мулоқоти муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо Ашурбой Солеҳзода, роҳбарияту масъулини вазоратҳои кишоварзӣ, корҳои хориҷӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бо губернатори музофоти Шенсии Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжао Ган баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар доданд.

Иброз гардид, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз шарикони асосии тиҷоратию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, соли 2024 дар сохтори ҷуғрофии савдои хориҷии Тоҷикистон бо 1,95 миллиард доллар дар ҷойи 2-юм қарор гирифт.

Баргузории Форум барои мубодилаи афкору таҷриба, баррасии имкониятҳои мавҷуда ва тавсеаи ҳамкории судманди ду давлат муҳим арзёбӣ гардид.

Таъкид карда шуд, ки робитаҳои самараноки доираҳои тиҷоратию сармоягузории Тоҷикистону Чин бо дарназардошти зарфияту имконияти мавҷуда метавонад барои пешбурди лоиҳаҳои иқтисодӣ ва сармоягузории байни ду кишвар заминаи устувор гузорад.

Инчунин тамоюли мусбати рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, иқтисоди рақамӣ ва «сабз», саноат, нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ ва ҷалби технологияҳои муосир мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои таҳкими ҳамкории иқтисодӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак изҳор намуда, омодагии худро барои тавсеаи робитаҳо дар бахшҳои мухталиф таъкид карданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон

Июнь 7, 2025 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тотористон бо соҳибкорони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Хатҳои интиқоли барқ дар Кӯҳистони Мастчоҳ бояд навсозӣ карда шаванд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» таъсиси корхонаҳои нав бо сармоягузорони эронӣ баррасӣ гардид
Дар Деҳлӣ ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи саноат ва технологияҳои муосир баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон саҳми бахши хусусӣ дар истеҳсоли молҳо ба 80 фоиз расид
Созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ оид ба амалишавии рушди низоми почтаи Тоҷикистон ба имзо расид
ИЛОҶИ ВОҚЕА-ПЕШ АЗ ВУҚУЪ. Дар Тоҷикистон майдони тухмгузории малах муайян карда шуд
Дар шаҳри Турсунзода беш аз 6 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз қатораи байналмилалии сайёҳии «Jibek Joly» («Роҳи Абрешим») ба Душанбе мерасад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Вахш корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ ба фаъолият оғоз намуд
Роҳбарони роҳи оҳани Тоҷикистон ва Қазоқистон оид ба рушди долонҳои нақлиётӣ ба мувофиқа расиданд
Имсол дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Панҷакент дар 2,5 ҳазор гектар картошка кишт карда мешавад