Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии Йога ҳамоиши варзишӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 21.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба 11-умин Рӯзи байналмилалии Йога ҳамоиши варзишӣ доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар медиҳад.
Дар оғози чорабинӣ Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода иброз дошт, ки Йога на танҳо маҷмӯи машқҳои ҷисмонӣ, балки фалсафаи зиндагии солим, оромии ботин ва нерӯи мусбат мебошад.
«Йога барои ҷавонони мо метавонад як воситаи муассири тарбияи худогоҳии ҷисмонӣ, таҳкими рӯҳия ва пешгирии стрес гардад. Машғулият бо Йога, ки варзиш, фалсафа ва санъатро дарбар мегирад, имкон медиҳад, то инсоният худшинос бошад, маърифати худро такмил диҳад, инчунин бар инсонҳо, миллатҳо ва намояндагони дину мазҳабҳои мухталиф арҷ гузоранд»,-афзуд Зулфиқор Гулаҳмадзода.
Ёдовар мешавем, ки 21 июн дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии Йога ҷашн гирифта мешавад. Таҷлил намудани ин рӯз 12 декабри соли 2014 дар ҷаласаи 69-уми Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид аз ҷониби Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ пешниҳод гардида, бо ҷонибдории 177 давлати ҷаҳон қабул гардидааст.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд






