Дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ оид ба волейбол байни духтарони то 16-сола баргузор мегардад

Июнь 29, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 29.06.2025 /АМИТ  «Ховар»/. Аз 1 то 7 июл дар «Кохи Олимп» дар шаҳри Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ (CAVA) байни духтарони то 16-сола (U16) баргузор мегардад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Федератсияи волейболи Тоҷикистон хабар доданд, дар ин мусобиқаи минтақавӣ дастаҳои духтарона  аз Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон иштирок менамоянд.

Чорабинии мазкур дар асоси нақшаи солонаи фаъолияти Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ баргузор гардида, мақсад аз он рушди варзиши волейбол байни духтарон, таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории варзишии кишварҳои минтақа арзёбӣ мегардад.

АКС: Маркази матбуоти Федератсияи волейболи Тоҷикистон

Июнь 29, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд