Дар Душанбе Конфронси ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Ваҳдат – мароми модарон» баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 20.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ Конфронси ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Ваҳдат – мароми модарон» баргузор шуд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» аз ҷараёни баргузории ин чорабинӣ.
Дар конфронс бонувони собиқадор, ходимони сиёсӣ, занону духтарони фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, намояндагони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, аҳли илму фарҳанг, донишмандон ва коршиносон иштирок намуданд.
Иштирокдорони конфронс дар мавзуи нақши занон дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия ва ба омӯзиши касбу ҳунар талқин намудани фарзандон, инчунин саҳми назарраси онҳо дар рушди мамлакат маъруза намуданд.
Сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода иброз дошт, ки Ваҳдати миллӣ-иттиҳоду сарҷамъӣ, ҳамдиливу ҳамбастагӣ, иттифоқу дӯстӣ, сулҳу оромӣ, ягонагӣ ва омили устувори пешрафти давлату давлатдорӣ буда, бузургтарни ва муқаддастарин дастоварди миллати тоҷик маҳсуб меёбад. Дар таҳкими ин арзиши олӣ нақши занону модарони тоҷик хеле бориз аст.
«Ҳамин аст, ки заҳматҳои пайвастаи занону модарон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр карда мешавад. Баланд бардоштани ҳуқуқ ва озодии занону духтарон, ҷалби васеи онҳо ба раванди татбиқи сиёсати давлатӣ, интихобу тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби онҳо, далели ин гуфтаҳо мебошад. Воқеан ҳам, дар он ҷое, ки занону модарон ҳастанд, назму низом ва самимияту меҳрубонӣ пойдор аст»,- илова кард Зулфия Давлатзода.
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода афзуд, ки тайи чанд сол охир бо ибтикори Кумита дар байни занону духтарон ва ҷавонону наврасон бо иштироки занони собиқадору шинохтаи ҷумҳурӣ ва коргарзанони фаъоли вазорату идораҳои мамлакат дар байни аҳолӣ, хусусан занону духтарон ва ҷавонон оид ба саҳм гузоштан дар рушди Ватан корҳои тарғиботию ташвиқотӣ гузаронида мешаванд.
Мақсад аз баргузор намудани чунин ҳамоишҳо, пеш аз ҳама тарбия намудани насли навин дар рӯҳияи хештаншиносӣ, огоҳ намудани онҳо бо таърих ва фарҳанги бостонии миллати тоҷик ва расидан ба қадри оромию осудагии Ватан мебошад.
«Имсол низ чун солҳои қаблӣ, тули чор рӯз занони собиқадор ва намояндагони вазорату идораҳо дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо сокинон вохӯрӣ намуда, оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва сарҷамъии мардум суҳбату вохуриҳо гузарониданд»,- баён дошт Бунафша Файзиддинзода.
Корвони «Модарони ваҳдатсаро», ки дар шакли як ҳаракати ҷамъиятӣ-сиёсӣ ва фарҳангӣ фаъолият мекунад, бо мақсади ба ҳар як хонадон расонидани нидои ваҳдат, эҳтироми арзишҳои миллӣ, муқовимат ба ҳар гуна таҳдидҳои фарҳангиву иҷтимоӣ ба руҳияи фарзандон таъсис ёфтааст.
Ҳамчунин иброз гардид, ки Корвони «Модарони ваҳдатсаро» на танҳо як чорабинии расмӣ, балки ҳаракати иҷтимоӣ ва маънавии занону модаронест, ки ба ояндаи насли наврас бо диди гарм ва нияти нек менигарад. Зан модар дар фарҳанги халқи тоҷик ҳамчун тарбиятгар, нигоҳдорандаи хонадон ва рамзи покиву муҳаббат маҳсуб меёбад.
Иштирокчии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ходими барҷастаи давлативу ҷамъиятӣ ва собиқадори хизмати давлатӣ Рафиқа Мусоева дар конфронс аз рӯзҳои аввали фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд.
Рафиқа Мусоева гуфт, ки «муҳимтарин рисолате, ки Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро намуд, ин интихоби Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун раиси Шурои Олӣ буд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар натиҷаи қабули рамзҳои давлатӣ, махсусан қабул ва ислоҳоти Конститутсия ва қонунгузорӣ низоми нави давлатдориро дар фазои ҷумҳурӣ ба вуҷуд оварданд».
Иброз гардид, ки Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олӣ барои барқарорсозии сохти конститутсионии ҷумҳурӣ ва давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон оғози устувор бахшид ва заминаи нахустини ҳамдигарфаҳмиву ризоияти миллӣ ва сулҳи тоҷиконро фароҳам овард.
«Дар он замон мо, занон низ дар паҳлуи Сарвари давлат истода, барои пойдевори сулҳу ваҳдати миллӣ, нигоҳ доштани арзишҳои миллӣ кӯшишҳои зиёде намудем», — афзуд Рафиқа Мусоева.
Ҳамчунин зимни конфронс гуфта шуд, ки бо дарки муҳимият дастгирии қувваи бузурги ин қишри ҷомеа ҳамчун қувваи асосӣ, барои амалӣ намудани сиёсати иҷтимоӣ таввасути истифодаи неруи занон дар ташаккул пешрафти давлат, ҳифзи арзишҳои миллӣ яке аз самтҳои афзалиятноки давлату ҳукумати маҳсуб меёбад.
Дар охири конференсия ба як зумра занони фаъолу собиқадорони соҳаи меҳнат Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»