Дар Ҳисор бозии дӯстонаи дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) бо мунтахаби олимпии Қирғизистон доир мешавад

Июнь 23, 2025 10:10

ДУШАНБЕ, 23.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 24 июн мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) таҳти роҳбарии мутахассиси гурҷӣ Леван Хомерики бозии дӯстонаи дуюми худро дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 доир мекунад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, ҳарифони футболбозони мо мунтахаби Қирғизистон мебошанд, ки чанд рӯз пеш бо мунтахаби Ҳиндустон мусовӣ карданд (0:0).

Бозии дӯстонаи дастаҳои олимпии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор  соати 20:00 оғоз мешавад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Июнь 23, 2025 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд