Дар Истанбул бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол барои донишҷӯёни тоҷик мусобиқа доир карда шуд

Июнь 3, 2025 14:30

ДУШАНБЕ, 03.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. 1 июн бо ташаббуси Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол мусобиқаи футбол баргузор  шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» бо истинод ба Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбул хабар медиҳад, дар мусобиқа дастаҳои иборат аз ҳамватанон ва донишҷӯёни тоҷик иштирок намуданд.

Мусобиқа дар рӯҳияи рақобати солим ва дӯстӣ баргузор гардид, ки ба мустаҳкам намудани робитаҳо байни ҳамватанон ва донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Истанбул мусоидат намуд. Дар анҷом ба дастаи  ғолиб ҷом супорида шуд.

Ёдовар мешавем, ки 7 майи соли 2024 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо қабули қатънома 25 майро Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон кард. Рӯзи ҷаҳонии футбол аз ҷониби Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ пешниҳод шудааст.

АКС: Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия

Июнь 3, 2025 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд