Дар конфронси байналмилалӣ масъалаи ташаккули дониши кӯдакон оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ баррасӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 30.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз 15 то 17 июли соли равон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Конфронси илмӣ — амалии байналмилалӣ дар мавзуи «Ташаккули дониш ва малакаи амалии кӯдакон оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ» баргузор мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Конфронс бо мақсади баланд бардоштани маърифати роҳнамоӣ ва таъмини бехатарии кӯдакон дар роҳ гузаронида мешавад. Дар конфронс намояндагони Вазорати корҳои дохилии давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок менамоянд.
Ташаккули барвақтии дониш ва малакаҳои амалӣ дар бораи ҳаракати бехатар ба кӯдакон кӯмак мекунад, ки онҳо дар муҳити шаҳр ва деҳа худро ҳифз намоянд ва масъулияти шахсиро омӯзанд.
Бояд гуфт, ки бо мақсади таъмини амнияти кӯдакон ҳангоми иштирок дар ҳаракати роҳ ва баланд бардоштани сатҳи донишҳои онҳо дар бораи қоидаҳои роҳ, дар боғчаҳо ва мактабҳои ибтидоӣ дарсҳои махсус гузаронида мешаванд.
Кӯдакон дар ҷараёни ин машғулиятҳо аломатҳои роҳро мешиносанд, истифодаи чароғакро меомӯзанд ва мефаҳманд, ки чӣ гуна бояд аз роҳ бехатар гузашт.
АКС аз манбаъҳои боз








33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст
Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд






