Дар Озарбойҷон Конфронси байналмилалии ҳизбҳои сиёсӣ баргузор шуд

Июнь 16, 2025 11:18

ДУШАНБЕ, 16.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. 15 июн дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Конфронси байналмилалии ҳизбҳои сиёсӣ таҳти унвони «Ҳамгироии минтақавӣ-нақши ҳизбҳои сиёсӣ» баргузор шуд, ки дар он муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни Конфронс ба масъалаҳои муҳими ташаккули тартиби нави ҷаҳонӣ, нақши ҳизбҳои сиёсӣ дар таъмини сулҳу субот ва рушди устувор таваҷҷуҳ зоҳир шуда, мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оид ба таҳкими ҳамкории байниҳизбӣ ва байналмилалӣ шарҳ дода шуд.

Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар пояи ҳамкорӣ, эҳтироми мутақобила ва рушди манфиатбори муштарак асос ёфта, ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ ба таҳкими ин муносибатҳо мусоидат мекунанд.

Ҳамзамон оид ба саҳми арзандаи роҳбарони ду давлати шарикони стратегӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев дар рушди ҳамкории гуногунҷабҳаи байни Тоҷикистону Озарбойҷон ибрози андеша гардид.

АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Июнь 16, 2025 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид