Дар шаҳри Кӯлоб 1300 метр роҳ мумфарш карда мешавад
ДУШАНБЕ, 10.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва беҳтар намудани инфрасохтори роҳҳо дар деҳаи Маҳмадалӣ Ғаффори Ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб дар масофаи 1300 метр мумфаршсозии роҳи дохилии аҳамияти ҷумҳуриявӣ оғоз гардидааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб иттилоъ доданд.
Ин роҳ дар шоҳроҳи Кӯлоб–Ховалинг–Балҷувон ҷойгир мебошад. Корҳои асфалтпӯшкунӣ бо маблағгузории Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, барои он 550 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.
Бунёди роҳ нишони пайванди устувории ҷомеа мебошад. Айни замон корҳои сохтмонӣ бо ҷалби мутахассисон ва техникаи зарурӣ оғоз гардидааст.
Дар мамлакат барои татбиқи сифатноки лоиҳаҳои сармоягузорӣ, сари вақт ва бо риояи меъёрҳои муосир амалӣ намудани бунёду навсозии роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, инчунин инфрасохтори онҳо тадбирҳои зарурӣ амалӣ мегарданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб








Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд






