Дар Женева масъалаи кушодани марказҳои раводиди давлатҳои Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 14.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. 12 июн дар доираи баргузории иҷлосияи 113-уми Конфронси байналмилалии меҳнат, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода бо директори генералии Созмони байналмилалии муҳоҷират Эми Поуп вохӯрӣ намуд. Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаи тақвияти ҳамкорӣ доир ба гуногунсамтии муҳоҷирати меҳнатиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба ҳамкорӣ, ки аз соли 1992 инҷониб ба роҳ монда шудааст, изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки дар ин муддат як қатор лоиҳаҳои муштарак дар самти танзими равандҳои муҳоҷират амалӣ карда шуданд.
Бо дастгирии Созмони байналмилалии муҳоҷират лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа – қонунҳо, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳо таҳия шуда, ҳоло мавриди амал қарор доранд.
Солеҳа Холмаҳмадзода аз қабули Паймони глобалӣ оид ба муҳоҷирати бехатар, ботартиб ва мунтазам дар соли 2018 ва ҳамроҳшавӣ ба Шабакаи глобалии сиёсат ва стратегияи муҳоҷират дар соли 2024 ёдовар шуда, изҳор дошт, ки ин иқдомҳо ба вазорат имконият фароҳам оварданд, ки мавқеи худро дар самти танзими равандҳои муҳоҷират таҳким бахшад.
Иброз гардид, ки бо дастгирии Созмони байналмилалии муҳоҷират Хати Оҷилӣ ташкил карда шуд, ки ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон оид ба масъалаҳои муҳоҷирати бехатар, қонунгузорӣ, фарҳанг ва забони давлатҳои қабулкунанда, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ мусоидат менамояд.
Тарафҳо дурнамои ҳамкории минбаъдаро муайян ва барои фаъолияти муштарак таклифҳо пешниҳод намуданд. Бахусус оид ба мусоидат дар кушодани марказҳои раводиди давлатҳои Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, таҳкими ҳамкорӣ дар самти муҳоҷирати экологӣ ва дохилӣ, таъмини реинтегратсияи самарабахши муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан бозгашта изҳори умедворӣ карданд.
АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид






