Даври дуввуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 10 июн оғоз мешавад
ДУШАНБЕ, 08.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ҷамъбаст гардид. Даври дуввуми озмун моҳи июн доир мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Даври якуми озмун аз 1 апрел то 10 май дар маркази шаҳру ноҳияҳои ҷамҳурӣ доир шуда, иштирокчиёни беҳтарин ба даври дуввум роҳхат гирифтанд. Даври дуюм аз 10 июн то 30 июн дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор мегардад.
Дар озмун хонандагон, донишҷӯён ва магистрантони муассисаҳои таълимии мусиқии касбӣ, мактабҳои санъат ва рассомии бачагона, инчунин коллеҷҳои санъат, коллеҷҳои рассомӣ ва муассисаҳои олии касбӣ, сарояндагону навозандагони филармонияҳои халқӣ иштирок карда метавонанд. Инчунин шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил ё кору фаъолият доранд, ҳукуқи иштирок кардан доранд.
Тибқи талаботи Низономаи озмун, шахсони шинохтаи санъати мусиқӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн, оҳангсозону бастакорон, сарояндагону навозандагон, рассомону дизайнерони унвондору касбӣ, омӯзгорони фанҳои тахассусии муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии соҳаи фарҳанг иштирок карда наметавонанд. Ҳамчунин як шахс дар ду номинатсия ва ғолибони озмун (лауреатҳои Шоҳҷоиза, ҷоизаҳои якум, дуюм ва сеюм) ҳуқуқи иштирок дар солҳои минбаъдаро надоранд.
Ёдовар мешавем, ки сарпарасти Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар соли 2025 барои баргузор кардани он 7 680 000 (ҳафт миллиону шашсаду ҳаштод ҳазор) сомонӣ ҷудо гардид.
АКС: АМИТ «Ховар»








«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Бо мақсади шаффофият ва дақиқияти холҳои ғолибон портали электронӣ таъсис дода шуд
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Давоми 7 соли баргузории озмуни ҷумҳуриявӣ чӣ натиҷаҳо ба даст омаданд?
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Барои баргузории озмуни ҷумҳуриявӣ беш аз ҳашт миллион сомонӣ ҷудо мегардад
Барои Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» зиёда аз 8 миллион сомонӣ ҷудо карда мешавад
Дар Хатлон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Гулистон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ карда шуданд
Шарҳи амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман», «Илм-фурӯғи маърифат» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2026
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2026
Ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ бо туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд






