Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» моҳи сентябр баргузор мегардад

Июнь 14, 2025 16:30

ДУШАНБЕ, 14.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Моҳи сентябр дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар даври сеюми озмун 4852 нафар довталаб, аз ҷумла 2605 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1283 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии типи нав, 822 нафар донишҷўи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, 142 нафар омӯзгорон, ходимони илмӣ, аспирантону докторантон, докторантон аз рӯйи ихтисос (PhD), докторантони ҳабилитат ва унвонҷўён, муҳандисон, конструкторон ва намояндагони касбу кори гуногун иштирок мекунанд.

Бояд иброз намуд, ки барои боз ҳам такмил ва таҳким бахшидани раванди баргузории озмун ва ҳавасмандсозии бештари иштирокчиён дар соли 2025 ба Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» номинатсияи нав — «зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ» илова карда шуда, барои ғолибони озмун 24 ҷой зиёд карда шуд. Яъне шумораи ҷойҳо барои ғолибон дар даври ҷумҳуриявӣ аз 132 ба 156 ҷой зиёд гардид.

Соли панҷум аст, ки дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» баргузор мешавад. 2 январи соли 2025 Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузории озмун дар соли равон ба тасвиб расид.

Баргузории озмун давоми солҳои 2021-2024 нишон дод, ки таваҷҷуҳи насли наврасу ҷавон ба омӯзиши илмҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ хеле зиёд гардида, барои дарёфт ва тарбия намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи муҳандисӣ ва барномасозӣ заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст.

Қаблан озмун аз рӯи 7 номинатсия – математика, физика ва астрономия, химия, биология, география, технологияи иттилоотӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ доир мешуд.

Дар як вақт бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаҷми маблағи мукофот барои ҳама ғолибони озмун ду баробар зиёд карда шуда, барои озмун аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 220 000 (нуҳ миллиону дусаду бист ҳазор) сомонӣ ҷудо карда шуд.

Соли 2025 барои ҳар ғолиби ҷойи сеюм 30 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм 50 ҳазор сомонӣ, ҷойи якум 70 ҳазор сомонӣ ва барандаи Шоҳҷоиза 140 ҳазор сомонӣ муқаррар гардидааст.

Бартарии озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар он аст, ки барои иштирок дар онҳо ҳар нафар ҷаҳонбинии васеъ, илму дониш ва ғизои маънавӣ мегирад. Яъне иштирок дар озмунҳо ба ҳар як нафар фоида меорад, бар замми ин онҳо аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҳавасманд гардонида мешаванд.

Мақсади дигари озмун он аст, ки дар он дар баробари ҷалби донишҷӯёни муассисаҳои миёна ва олии касбӣ,  хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии типи нав (литсейҳо, гимназияҳо ва мактабҳои президентӣ), инчунин ходимони илмӣ, аспирантон, докторантон аз рӯи ихтисос, докторантони ҳабилитат ва унвонҷӯён, омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, муҳандисон, конструкторон ва намояндагони касбу кори гуногун низ иштирок менамоянд.

Бахусус тағйироте, ки имсол ба озмун ворид шудааст, яъне номинатсияи «зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ» ба рушди сатҳи огоҳии ҷомеа дар бахшҳои мухталифи ҳаёт, аз ҷумла фарҳанг, маориф ва тандурустӣ мусоидат мекунад. Инчунин он ба эҷоди муҳити таҳсили рақамӣ ва таҷрибаҳои нав дар таҳсилоти маҳаллӣ ва байналмилалӣ ишора намуда, таъсири рӯзафзуни кадрҳоро дар соҳаҳои иқтисоди рақамии мамлакат таъмин хоҳад кард.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 14, 2025 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» оғоз гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 13 довталаб аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифт
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 159 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт
Дар ноҳияи Рӯдакӣ даври минтақавии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз ёфт
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Озмуни ҷумҳуриявӣ дар Суғд бо иштироки зиёда аз 1400 довталаб оғоз ёфт
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Озмунҳои ҷумҳуриявӣ завқи кадбонугӣ ва анъанаҳои хӯрокпазии миллиро эҳё менамоянд
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Аз 25 то 30 сентябр даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад
Дар Бӯстон ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» қадрдонӣ гардиданд
Барои мукофотонидани ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» 2 миллиону 660 ҳазор сомонӣ ҷудо карда мешавад
Шарҳи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон