ФУТБОЛ. Фонди ҷоизавии мусобиқаи «Ҷоми Ҷавонӣ-2025» 60 ҳазор сомониро ташкил медиҳад

Июнь 25, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 25.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Лигаи футболи Тоҷикистон маротибаи  чаҳорум дар тобистон мусобиқаи анъанавӣ барои дарёфти «Ҷоми Ҷавонӣ»-ро байни дастаҳои ҷавонони Лигаи олии Тоҷикистон баргузор мекунад. Маблағи умумии ҷоизаҳои мусобиқа 60 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Дар қуръакашӣ ёздаҳ даста ба се гурӯҳ тақсим шуданд. Дар марҳилаи гурӯҳӣ бозиҳо аз рӯи системаи даврӣ дар як марҳила доир мешаванд. Ғолибони гурӯҳҳо аз минтақаҳои Душанбею Суғд ва ду даста аз минтақаи Хатлон ба даври ниманиҳоӣ роҳ меёбанд.

Ғолибони бозиҳои 1/2 ниҳоӣ дар финал ва мағлубшудаҳо дар бозӣ барои ҷойи сеюм ба ҳам меоянд.

Ғолиби мусобиқа бар иловаи ҷом бо 30 ҳазор сомонӣ, барандагони медалҳои нуқра бо 20 ҳазор сомонӣ ва соҳибони медалҳои биринҷӣ бо 10 ҳазор сомонӣ мукофотонида мешаванд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Июнь 25, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд