ФУТЗАЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бо тими мунтахаби Амороти Муттаҳидаи Араб ғолиб омад
ДУШАНБЕ, 24.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Шоми 23 июн дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозии дӯстона, ки дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор шуд, тими мунтахаби футзали Амороти Муттаҳидаи Арабро бо ҳисоби 2:0 мағлуб намуд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ин бозии ҷолиб ҳарду голи дастаи мунтахаби Тоҷикистонро бозингари ҷавон ва умедбахш Идрис Ёров ба нишон расонид, ки бо ҳунари баланд ва нишонзании дақиқаш фарқиятро дар майдон таъмин намуд. Голи аввал дар дақиқаи 33-юм ва голи дуюм дар дақиқаи 39-ум ба нишон расонида шуданд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов хуб бозӣ намуд.
Ёдовар мешавем, ки бозии дӯстонаи дуюми дастаҳои мунтахаби футзали Амороти Муттаҳидаи Араб ва Тоҷикистон 25 июн баргузор мегардад. Ин бозӣ низ дар шаҳри Дубай доир мешавад ва имкони дигари намоиши қобилияти дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар арсаи байналмилалиро фароҳам меорад.
Хотиррасон мешавем, ки ин бозии дӯстона дар доираи омодагиҳо ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 равона гардидааст. Инчунин, вохӯрӣ имкони хуб барои санҷиши омодагии ҷисмонӣ ва ҳамоҳангии даста дар шароити рақобати сатҳи баланд ба шумор меравад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд






