Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд
ДУШАНБЕ, 26.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Коллеҷи техникии шаҳри Душанбе бахшида ба 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ-рамзи пойдории давлати миллӣ» баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ хабар доданд.
Раиси кумита Фарҳод Раҳимӣ иброз дошт, ки воқеан ҳам мафҳуми сулҳу ваҳдат ва ягонагиву якдилӣ ҳамеша дилнишин садо дода, бевосита шунавандаро ба андеша намудан водор месозанд.
«Сулҳу ваҳдат чун омили муттаҳидсозандаи миллати тоҷик имкон фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфташуда дар мамлакатамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад ва барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад», — афзуд Раиси Кумита.
Таъкид гардид, ки Ваҳдати миллӣ на танҳо як ибора, балки арзиши бузурге мебошад, ки ҳаёт ва тақдири имрӯзаи мардуми тоҷик ба он пайвандӣ дорад. Ваҳдат сароғози ҳамаи комёбиҳо, созандагиву ободкориҳо, ибтидои суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва некӯаҳволии ҷомеаи навин, ҳамчунин, худогоҳиву худшиносӣ баҳри миллати соҳибмаърифати мо мебошад. Маҳз бо талошҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 июн ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон гардид.
Дар идомаи ҳамоиш академик Кароматулло Олимов оид ба «Нақши Ваҳдати миллӣ дар таҳкими соҳибистиқлолии Тоҷикистон» маърӯза намуда, иброз дошт, ки ваҳдат на танҳо хотимаи як муноқишаи дохилӣ, балки оғози як саҳифаи нав дар таърихи давлатдорӣ ва худшиносии миллӣ мебошад.
«Он пояи миллат, асоси истиқлол, шарти суботи ҷомеа ва заминаи рушди босуботи иқтисодиву сиёсӣ аст, ки бо шарофати он корҳои ободонӣ дар саросари мамлакат, аз шаҳрҳои калон то деҳаҳои дурдаст, ба таври рӯзафзун ҷараён доранд. Ҳама муваффақиятҳову ободкориҳо натиҷаи сулҳу суботи пойдор ва ҳамбастагии миллӣ аст»,-иброз намуд Кароматулло Олимов.
Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки Пешвои миллат на танҳо меъмори сулҳ, балки бунёдгари давлати муосири тоҷикон ва Роҳбари сиёсати созандаанд. Бо роҳбариашон Тоҷикистон аз харобаҳои ҷанг ба кохи умед, аз фироқ ба ваҳдат ва аз муҳтоҷӣ ба худкифоӣ расид. Пешвои сулҳ ва меъмори ободии Ватан на танҳо сулҳ оварданд, балки тамоми иқтидори зеҳнӣ ва сиёсиву иқтисодии давлатро ба роҳи созандагӣ равона карданд. Сарвари давлат бузургтарин ташаббускор дар масъалаи сулҳу Ваҳдати миллӣ аст.
АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад






