Марҳилаи интихобии Ҷоми футзали Осиё-2026 дар Душанбе баргузор мешавад

Июнь 14, 2025 13:00

ДУШАНБЕ, 14.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Конфедератсияи футболи Осиё кишварҳоеро, ки бозиҳои интихобии Ҷоми футзали Осиё-2026-ро мизбонӣ мекунанд, эълон намуд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, бозиҳои даври интихобиро ҳашт мамлакат – Тоҷикистон, Таиланд, Кувайт, Қирғизистон, Арабистони Саудӣ, Мянмар, Малайзия ва Чин мизбонӣ менамоянд.

Дар марҳилаи интихобии Ҷоми футзали Осиё-2026 дар маҷмуъ 31 даста иштирок  мекунад. Дар қуръакашӣ ҳашт гурӯҳ ташкил карда мешавад: ҳафт гурӯҳ аз чор даста ва як гурӯҳ аз се даста иборат мегардад. Бозиҳои даври интихобӣ аз 20 то 24 сентябр баргузор мешаванд.

Ғолибони ҳашт гурӯҳи интихобӣ ва ҳафт дастаи беҳтарини ҷойҳои дуюм ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2026, ки аз 27 январ то 7 феврал дар Индонезия баргузор мешавад, роҳ меёбанд.

Рақибони дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар марҳилаи интихобӣ рӯзи 26 июн маълум мешаванд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

 

Июнь 14, 2025 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд