Муовини Сарвазир бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои зист барои оилаҳои аз заминҷунбӣ зарардидаи ноҳияи Рашт шинос шуд

Июнь 11, 2025 18:20

ДУШАНБЕ, 11.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Сарвазири Мамлакат Сулаймон Зиёзода бо рафти корҳои сохтмонӣ дар манзилҳои зист барои оилаҳои дар офати табиӣ — заминҷунбӣ зарардида дар ноҳияи Рашт шинос гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт хабар медиҳад.

Муовини Сарвазири мамлакат бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва ободонӣ дар ин мавзеъ аз наздик шинос гардид.

Ёдовар мешавем, ки 13 апрели соли 2025, соати 09:24 дар ҳудуди ҷумҳурӣ заминларза ба амал омад. Маркази он дар масофаи 160 километр дуртар аз шаҳри Душанбе ва 21 километр аз ноҳияи Рашт буда, қувваи заминҷунбӣ дар маркази он 5-6 балл, дар ҳудуди минтақаи Рашт 4-5 балл ва дар шаҳри Душанбе 3 баллро ташкил дод.

Тибқи маълумот, дар ин ноҳияҳо дар маҷмуъ 65 хонаи истиқоматӣ пурра ва 193 хона қисман вайрон шуда, ба 150 хонаи дигар осеби сабук ва ба 193 иншооти ёрирасон зарар расидааст. Аз ҷумла, 1 беморхонаи минтақавӣ, 2 бунгоҳи тиббӣ, 8 иншооти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дигар иншоот зарар дидаанд.

Бояд иброз намуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои бунёди манзилҳои нави истиқоматӣ, ба ҷойҳои бехавф кӯчонидани аҳолӣ, таъмини маводи хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ барои зарардидагони офати табиӣ тадбирҳои саривақтӣ меандешад.

Бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ташкил карда шудааст. Аъзои ситод пайваста аз аҳволи оилаҳои осебдида хабардор шуда, дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт

Июнь 11, 2025 18:20

Хабарҳои дигари ин бахш

НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд