ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Филиппин бо либоси сафед бозӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 09.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бозии даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027-ро дар гурӯҳи «А» бо тими миллии Филиппин бо либоси сафед анҷом медиҳад.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, пеш аз ин бозӣ дар варзишгоҳи «Ню-Кларк-Сити» бо иштироки масъулин, кумитаи тадорукоти маҳаллӣ, намояндагони мунтахабҳои Филиппин ва Тоҷикистон ҷаласа баргузор шуд.
Дар ҷаласа дастаҳо ранги пироҳанҳои худро интихоб намуданд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин бозӣ бо либоси сафед ва тими миллии Филиппин бо либоси кабуд ба варзишгоҳ мебароянд.
Бозии Филиппин ва Тоҷикистон 10 июн дар варзишгоҳи «Ню-Кларк-Сити» баргузор шуда, соати 19:00 ба вақти маҳаллӣ (16:00 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд






