Паҳлавонони шинохта Тоҷикистонро дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо намояндагӣ доранд
ДУШАНБЕ, 17.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 18 июн дар рӯзи шашуми Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо паҳлавонони тоҷик Кароматулло Ҳакимов ва Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 кг дар даври дуюм бо ҳарифонашон рақобат мекунанд. Дар ин хусус муовини Раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Эргаш Маҳмадбеков аз макони баргузории мусобиқот ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
Ба иттилои Эргаш Маҳмадбеков, дар рӯзи аввали Чемпионати ҷаҳон дар шаҳри Будапешт – 13 июн паҳлавони 25-солаи тоҷик Меҳрзод Суфиев, ки дар вазни то 60 кило дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм Ҷонатан Чаронро аз Куба шикаст дод. Аммо Меҳрзод дар даври баъдӣ аз Ромаин Валиде Пикарди фаронсавӣ мағлуб шуда, аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гашт.
Дар рӯзи дуюми мусобиқа – 14 июн Эмомалӣ Нуралии 23-сола, ки ҳоло ҷудокори рақами яки ҷаҳон дар вазни то 66 кило мебошад, бар асоси қуръакашӣ ба рақобат аз даври дуюм шуруъ кард. Вай намояндаи Испания Нието Чинарро мағлуб намуда, дар ҳаштякфинал бар Важа Маргвелашвилии гурҷӣ дастболо шуд. Эмомалӣ дар чаҳорякфинал муқобили намояндаи Қазоқистон Гусман Қирғизбоев пирӯз гардид. Эмомалӣ Нуралӣ дар даври ниманиҳоӣ бар варзишгари дигари Тоҷикистон Обид Ҷебов ғолиб омада, ба финал роҳ ёфт. Аммо вай дар финал аз Такеши Такеокаи 26-солаи ҷопонӣ мағлуб гашта, соҳиби медали нуқра гардид. Ин аввалин медали нуқра дар таърихи ҷудои тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон байни калонсолон ба шумор меравад.
Паҳлавони дигар тоҷик Обид Ҷебов дар вазни то 66 кило дар даври аввал озод буд. Ӯ дар даври дуюм намояндаи Маҷористон Балинт Гомбасро шикаст дод. Обид дар ҳаштякфинал ба Рамазон Абдуллоев аз дастаи IJF (Федератсияи байналмилалии ҷудо) пирӯз шуда, ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ пайдо кард. Обид Ҷебов дар чаҳорякфинал қаҳрамони дукаратаи олимпӣ ва чаҳоркаратаи ҷаҳон Ҳифуми Абеи 27-солаи ҷопониро шикаст дод. Обид Ҷебов дар даври ниманиҳоӣ аз Эмомалӣ Нуралӣ мағлуб шуд. Сипас ӯ барои медали биринҷӣ бар Валиде Хяри 30-сола аз Фаронса ғалаба карда, медали биринҷиро соҳиб гардид.
Бояд гуфт, ки ин сеюмин медали биринҷӣ дар таърихи ҷудои тоҷик дар чемпионати ҷаҳон байни калонсолон ба шумор меравад. Аввалин медалро дар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон паҳлавони маъруфи тоҷик Расул Боқиев соли 2007 дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия дар вазни то 73 кило ва нишони дуюми биринҷиро бошад, паҳлавони шинохтаи тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кило соли 2024 дар шаҳри Абузабии Амороти Муттаҳидаи Араб ба даст овардаанд.
Дар рӯзи сеюми мусобиқа – 15 июн ду варзишгари тоҷик — Беҳрӯзи Хоҷазода ва Абубакр Шеров — дар вазни то 73 кило рақобат карда, ноком шуданд. Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни то 73 кило дар даври аввал Арун Кумари ҳиндустонӣ, дар даври дуюм Бен Чалбиро аз Тунис мағлуб намуда, ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ ёфт. Аммо дар ҳатякфинал аз Татсуки Ишиҳараи ҷопонӣ шикаст хӯрд ва аз идомаи рақобатҳо бенасиб монд. Паҳлавони ҷавони тоҷик Абубакр Шеров, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм аз Нилс Стампи швейтсарӣ мағлуб гашт.
Дар рӯзи чаҳоруми Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 дар рақобати аввали худ аз ҷудокори 25-солаи португолӣ Жоау Фернандо бо як имтиёзи «юко» шикаст хӯрда, аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум шуд.
Дар ҳамин ҳол дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии инфиродии ҷудои ҷаҳон байни калонсолон, ки дар Будапешт то 19 июн идома меёбад, бо ду медал (як нуқра ва як биринҷӣ) дар байни 93 давлатӣ иштироккунанда дар ҷойи шашум қарор дорад.
Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқоти қаҳрамонии инфиродии ҷаҳон, ки дар пойтахти Маҷористон то 19 июн идома хоҳад кард, 556 варзишгар (294 мард ва 262 зан) аз 93 давлатӣ 6 қораи олам иштирок доранд.
Хотиррасон мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мусобиқоти қаҳрамонии инфиродии ҷудои ҷаҳон дар шаҳри Будапешт нуҳ варзишгар дар рақобатҳо байни мардон дар шаш вазн намояндагӣ доранд.
Варзишгарон дар рақобатҳои инфиродӣ барои 14 маҷмуи медалҳо (7 вазн байни мардон ва 7 вазн байни занон) талош мекунанд. Тибқи дастури мусобиқот, рақобатҳо ҳар рӯз дар як вазн байни мардон ва дар як вазн байни занон доир мегарданд. Рақобатҳои интихобӣ соати 14:00 ва ниҳоӣ соати 21:00 бо вақти Душанбе шуруъ мешаванд.
Дар ҳисоби медалҳо дастаи мунтахаби Ҷопон бо гирифтани 8 медал (4 тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ) дар ҷойи аввал аст. Дастаи мунтахаби Фаронса бо гирифтани 3 медал (1 тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ) дар ҷойи дуюм мебошад. Дастаи мунтахаби Гурҷистон бо гирифтани 2 медал (1 тилло ва 1 нуқра) дар ҷойи сеюм қарор дорад. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо як медали нуқра ва як медали биринҷӣ дар ҷойи ҳафтум мебошад.
Лозим ба ёдоварӣ аст, ки ғолибону ҷоизадорони мусобиқоти қаҳрамонии инфиродии ҷудои ҷаҳон ба ҷуз аз медал, бо ҷоизаҳои молӣ қадрдонӣ мешаванд: барои ҷойи аввал 26,000 евро (ба варзишгар – 20,800 евро, ба мураббӣ — 5,200 евро), барои ҷойи дуюм 15,000 евро (ба варзишгар – 12,000 евро, ба мураббӣ — 3000 евро) ва барои ҷойҳои сеюм 8000-евроӣ (ба варзишгар – 6,400 евро, ба мураббӣ — 1,600 евро тақдим мегардад.
Меҳрони ҚУРБОН,
шореҳи варзиши АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар








Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои 6-уми ҳамбастагии исломӣ-2025 соҳиби ҳашт медал шуданд
ҶОМИ ОСИЁ ОИД БА ҶУДО БАЙНИ НАВРАСОН ВА ҶАВОНОН-2025. Варзишгарони тоҷик дар рӯзи якум 3 медали тилло ба даст оварданд
«ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШГАРОН -САДОҚАТ БА ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ». Бо чунин унвон «Дав барои хушҳолӣ» баргузор гардид
Дар ноҳияи Ёвон варзишгарони ҷавон барои дастовардҳои назаррас қадрдонӣ шуданд
Парчами давлатии Тоҷикистон давоми нуҳ моҳ ба шарафи варзишгарони тоҷик зиёда аз 320 маротиба баланд бардошта шуд
Душанбе мизбони мусобиқаҳои бонуфузи қитъавӣ – Ҷоми Осиё оид ба ҷудо байни наврасон ва ҷавонон-2025 мегардад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии даври панҷуми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дастаи Тимори Шарқиро мағлуб намуд
Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-15) дар бозии санҷишӣ дастаи мунтахаби Русияро мағлуб кард
Горан Стеванович: «Мо ба шаҳри Дарвин барои ба даст овардани се имтиёз омадаем»
Варзишгари тоҷик Шаҳром Маҳмуродов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсу соҳиби медали тилло гардид
Донишҷӯи тоҷик дар мусобиқаи варзишӣ дар Донишгоҳи Кувайт сазовори ҷойи якум гардид
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозӣ бо Тимори Шарқӣ бо либосҳои сафед ба майдон мебарояд






