ПАНДИ ҲОФИЗ — ҲИДОЯТГАРИ ИНСОНҲО БА СӮИ КАМОЛОТИ МАЪНАВӢ. Бардошт аз конфронси илмӣ-байналмилалӣ дар ЮНЕСКО
ДУШАНБЕ, 11.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз дар қароргоҳи ЮНЕСКО таҳти унвони «700 сол бо Ҳофиз» ба бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ конфронси илмӣ-байналмилалӣ оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳадафи конфронс омӯзиши амиқи осори беназири Ҳофизи Шерозӣ ва эътирофи арзиши воқеии саҳми ин абармарди сухану адаб дар тамаддуни башарӣ мебошад.
Конфронс мавзуъҳои «Ҳофизи Шерозӣ – шоир, файласуф ва ориф», «Зарурати шинохти осори адабии Ҳофиз», «Ҳофиз ва таъсири эҷодиёти ӯ бар фарҳангҳои ҷаҳонӣ», «Ҷойгоҳи инсони озодманиш дар ашъори Ҳофиз», «Арзишҳои инсондӯстӣ, сулҳофаринӣ ва таҳаммулпазирӣ дар эҷодиёти Ҳофиз», «Даъвати Ҳофиз ба маҳви хурофоту таассуби динӣ», «Тараннуми дӯстӣ дар ашъори Ҳофиз», «Ниёзҳои ҷаҳони имрӯз ба дарки андешаҳои Ҳофиз», «Вижагиҳои мумтози ашъори Ҳофиз аз назари мунаққидони адабӣ ва фалсафӣ», «Нақши ашъори Ҳофиз дар рушди мусиқӣ, махсусан шашмақом» ва «Панди Ҳофиз- ҳидоятгари инсонҳо ба сӯи камолоти маънавӣ»-ро дар бар мегирад.
Конфронс аз 11 то 14 июни соли 2025 дар қароргоҳи ЮНЕСКО доир мегардад.
Ёдовар мешавем, ки шоир ва мутафаккири бузург Ҳофизи Шерозӣ аз зумраи бузургтарин шоирони тоҷику форси асри XIV аст, ки бо гузашти чанд аср ғазалиёти дилкаши ӯ ҳамрозу ҳамрадифи мардумони гуногунқавму гуногунфарҳанг боқӣ мондаанд.
Дар адабиёти классикии тоҷику форс ҳар шоир бо маҳорату ҳунари сухангустарии худ ҷойгоҳи хосса дорад. Хоҷа Шамсуддин Ҳофизи Шерозӣ яке аз шоирони нобиға ба шумор рафта, дар сархати соҳибдевонҳои машҳуру мондагори адабиёт қарор дорад.
Ҳофиз бузургтарин шоири ғазалсарои тоҷик буда, дар таърихи адабиёти тоҷику форс мақоми баланд дорад. Осори Ҳофиз асрҳо инҷониб дар сарзамини Эрону Ҳиндустон, Афғонистон ва Осиёи Марказӣ шуҳрат пайдо намуда, дар дили ҳазорон пайравону муштоқонаш ҷой гирифтааст.
Осори Ҳофиз ба қатори дастовардҳои тамаддуни дунё дохил шуда, ӯ ҳамчун яке аз бузургтарин шоири лирики беназир шуҳрати ҷаҳонӣ дорад. Ҳофиз ва шахсияти ин сухансарои номӣ диққати бисёр бузургони ҷаҳонро ба худ ҷалб намудааст.
Бисёре аз устодони назм аз ангезаи шигифтангези ғазалиёти Ҳофиз баҳравар шуда, дар ситоишу васфи каломи шӯрангези ӯ таассуроти хешро баён намудаанд.
Ҳофизи Шерозӣ дар эҷоди шеър ба монанди наққоши моҳир ҳар маъниро бо рангҳои зебо оро дода, маънӣ ва мазмуни шеърашро дилнишин намудааст. Бузургтарин намояндаи адабиёти ҷаҳонӣ- шоири немиси асри XIX Гёте андешаҳои худро доир ба ашъори ин шоири тавоно ва илҳомбахш пас аз ошноӣ бо эҷодиёти Ҳофиз чунин навиштааст: «Эй Ҳофиз, сухани ту ҳамчун абадият бузург аст, зеро онро оғоз ва анҷом нест. Ту он сарчашмаи файзбахши шеъру нишотӣ, ки аз он ҳар лаҳза мавҷе аз паси мавҷи дигар берун метаровад».
Шоирон ва мутафаккирони Аврупо низ ашъору афкори Ҳофизро тақлид намуда, аз ашъори дилнишини ӯ баҳра бурдаанд. Ба ҳамин тариқ, шуҳрати Ҳофиз аз доираи мамлакати худ берун баромада, ба тамоми Шарқу Ғарб паҳн гардида, дар қатори бузургтарин шоирони дунё мақоми арҷманд гирифтааст. Яъне Ҳофиз яке аз он шоироне аст, ки хусусияти бисёр нозук ва латифи забони дариро медонист. Дар тараққӣ ва ҳусну латофати ин забон хизматҳои тақдиршаванда намудааст ва дар ашъори ӯ садҳо таркиб ва ибораҳои нав вомехӯранд.
Мавриди ёдоварӣ аст, ки Ҳофизи Шерозӣ соли 1325 дар шаҳри Шероз ба дунё омада, соли 1389 дар ҳамин шаҳр аз олам чашм мепӯшад. Ӯро дар наздикии шаҳри Шероз, яъне Мусалло, дар байни дарахтони ҳамешасабз ва гулҳои рангоранг дафн намудаанд. Имрӯз ҳам мавзеи Мусалло ободу зебо буда, зиёратгоҳи мардумони олам аст. Сайёҳони зиёде ҳар сол ба Шероз омада, мақбараи Ҳофизро зиёрат менамоянд.
Соли 2025 дар тамоми дунё 700-солагии бузургтарин шоири ғазалсарои тоҷику форс Хоҷа Шамсуддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ таҷлил мегардад. Дар Тоҷикистон низ бо дастгирии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи муассисаҳои илмию пажуҳишӣ 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ таҷлил карда мешавад.
АКС: Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Се китоби рӯзномаи «Ҷумҳурият»: «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ», «Бозгашти қаҳрамон» ва «Бозгашти қаҳрамон 2» муаррифӣ гардид
Конференсияи ҷумҳуриявии «Забон рукни муҳимми Истиқлоли давлатӣ ва ҳамбастагии ҷомеа» баргузор гардид
Дар Озмуни байналмилалии «Санъати китоб» «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ сазовори Шоҳҷоиза гардид
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Дар Тоҷикистон соли 1991 танҳо 15 театр фаъолият мекард
«Эмомалӣ Раҳмон — муаррифгари таърихи ниёгон ва тамаддуни навини тоҷикон». Таҳти ин унвон китоб ба нашр расид
Дар шаҳри Душанбе маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд
«ТОҶИ СОМОН». Қабули филмҳо барои иштирок дар синамоҷашнвораи миллӣ то 15 сентябр идома меёбад
«МОДАРНОМА». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои Рассоми халқии Тоҷикистон Сабзаалӣ Шариф ифтитоҳ ёфт
СОТИМ УЛУҒЗОДА ВА ҚАДРШИНОСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба 115-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода
Дар Душанбе китоби «Президент сказал: Любите!…» рӯнамоӣ гардид
Муовини вазири корҳои хориҷии Умон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид
Дар Теҳрон китоби «Бо корвони «Шоҳнома»: аз Тӯс то Душанбе» ба нашр расид






