Сафари Корвони «Модарони ваҳдатсаро» ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оғоз гардид

Июнь 16, 2025 11:39

ДУШАНБЕ, 16.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, аз 16 то 20 июн бахшида ба 28-солагии Ваҳдати миллӣ бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари Корвони «Модарони ваҳдатсаро»  ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат доир мегардад.

Тавре аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, имрӯз дар пойтахт сафари Корвони «Модарони ваҳдатсаро» бо иштироки занону модарони шинохтаи ҷумҳурӣ, собиқадорон ва фаъолзанон ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат оғоз гардид.

Ёдовар мешавем, ки Корвони «Модарони Ваҳдатсаро», ки ба он 100 нафар занону модарони шинохтаи ҷумҳурӣ, собиқадорон ва фаъолзанон шомил шудаанд, аз 16 то 19 ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат сафар намуда, бо сокинон оид ба таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, истиқлолият ва саҳм гузоштан дар ободию рушди Ватан  суҳбату вохӯриҳо мегузаронанд.

Корвон ба 4 гурӯҳ тақсим шуда, дар қисмҳои низомӣ, дар ҷамоатҳо бо сокинони деҳаҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо усули «деҳа ба деҳа» ва «хона ба хона» оид ба тарғиби дастоварҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва сарҷамъии мардум суҳбату вохӯриҳо доир мекунанд. Инчунин онҳо мавзеъҳои таърихию –фарҳангии мамлакатро тамошо  мекунанд.

Бояд тазаккур дод, ки тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳкими пойдории сулҳу ваҳдат, дӯстиву рафоқати сокинони тамоми минтақаҳои мамлакат чорабинии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони Корвони «Модарони ваҳдатсаро» чандин сол аст, ки ташкил гардида,  фаъолзанон ва собиқадорони мамлакат  дар суҳбату вохӯриҳо сокинон, бахусус занону духтарон ва ҷавононро ба омӯхтани касбу ҳунар, дӯст доштани Ватан ва содиқона хизмат кардан ба онро талқин менамоянд.

АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 16, 2025 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд