«Шоҳнома»-и Фирдавсӣ бояд машъалафрӯзи ҳар хонадони тоҷик бошад ва анъанаи неки шоҳномасароӣ барқарор шавад

ДУШАНБЕ, 02.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. 5 декабри соли 2023 зимни суханронӣ дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур дода шуд, ки ба хотири огоҳии бештари мардум аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни ниёгон «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ нашр ва ба тамоми мардуми мамлакат дастрас карда шавад.
7 марти соли равон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Модар дар шаҳри Душанбе аввалин нусхаҳои нашри пурраи «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсиро ба занону модарон тақдим намуданд. Пешвои миллат зимни суханронӣ иброз намуданд, ки «тақдим намудани ин шоҳасари ҷовидонӣ ба шумо бесабаб нест. Модари тоҷик давоми таърихи чандинҳазорсолаи миллат ҳазорон нафар родмардон, нобиғаҳою шахсиятҳои барҷастаи илму адаб ва қаҳрамонону паҳлавононро ба дунё оварда, ба камол расонидааст».
Муовини директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Шамсиддин Муҳаммадиев дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» вобаста ба нашри «Шоҳнома» гуфт, ки Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи арзиши мондагори «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ чунин иброз намудаанд: ««Шоҳнома» танҳо китоби базму разм, диловарию қаҳрамонӣ ва ривояту афсона нест. Вай пандномаи беназир, ахлоқнома ва дастури омӯзандаи хулқу атвори ҳасана, хислат ва хусусиёти неки инсонӣ мебошад. Аз достонҳои ҷангӣ, ишқӣ ва нақлу ривоёти «Шоҳнома» мо таърихи пурифтихори халқҳои ориёнажод, суннат ва анъанаҳои мардум, тарзи зисту зиндагӣ, ойини мамлакатдорӣ, раъиятпарварӣ, ватандӯстӣ, ҳифзи истиқлоли ҷумҳурӣ, озодию озодагӣ, мафҳуми ҷангу сулҳ, шинохти ҳаққу ботил, пирӯзии нур бар зулмот, масоили мардумшиносӣ, ҳалли мушкилоти байни давлатҳо, бемаъно будани ихтилофоти динию мазҳабӣ, эҳтиром гузоштан ба ҳаққу ҳуқуқи дигарон ва дӯстию рафоқатро меомӯзем».
Ҳаким Абулқосим Мансур ибни Ҳасани Фирдавсӣ аз бузургтарин суханварону ҳамосасароёни адабиёти тоҷику форс мебошад. Ҳамосаи миллӣ падидаи фарҳангии миллӣ дар таърихи тамаддун ва адабиёти аксари қавму миллатҳои ҷаҳон аст. Маҳз ба хотири дар ҷомеаи имрӯзӣ ба вуҷуд овардани фазои мусоиди арҷгузорӣ ба чунин мероси оламшумул ва тақвияту суръат бахшидан ба нуфузи ҳамагонӣ ва эътибору азамати «Шоҳнома», ки дар таърихи адабу фарҳанги миллати тоҷик аз ҷойгоҳи баланду шоиста бархурдор аст, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми чопи матни комили «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва тавзеҳи он ба ҳар хонадони мамлакатро пешниҳод намуданд.
Шамсиддин Муҳаммадиев иброз намуд, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти ҷумҳурӣ вобаста ба чопу тавзеҳ, тарғибу ташвиқи ҳамосаи миллии «Шоҳнома» –и Абулқосим Фирдавсӣ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон гурӯҳи корӣ дар ҳайати мутахассисону олимони шоҳномапажӯҳ таъсис дода шуд. Гурӯҳи корӣ пас аз баррасӣ ва муҳокимаи тӯлонӣ ба натиҷае расид, ки таҳияи матни «Шоҳнома» бар асоси чопи охирини он дар силсилаи «Ахтарони адаб» бо кӯшиши Камол Айнӣ ва Зоҳир Аҳрорӣ ва дар муқоиса бо чопҳои Москва зери назари Е.Э.Бертелс, чопҳои теҳронии Ҷалол Холиқии Мутлақ, Бойсунқурӣ, Жул Мул ва Фаридуни Ҷунайдӣ анҷом дода шавад.
Ҳайати гурӯҳи корӣ дар муҳлати пешниҳодшуда бо сарбаландӣ кори таҳия, таҳрир, муқоиса, муқобала, бозхонӣ ва тасҳеҳи матни мукаммали «Шоҳнома» ва таҳияву тавзеҳи луғату вожагони номафҳуми асарро ба охир расонида, дар як ҷилди бузурги 1200- саҳифаӣ онро ба нашриёт супорид, ки аз тарафи нашриёти «Шарқи озод» дар ду ҷилд ба чоп расид. Китоб бо муқаддимаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Фурӯғи «Шоҳнома» дар ҳар хонадони тоҷик» оғоз меёбад. Аз он ки чопи ҳозир оммавӣ аст, фарқу бадали нусхаҳо, тавзеҳи поварақҳо, абёти илҳоқии ҳошияи китоб ҳазф карда шуданд. Ҳамчунин абёти машкук ба матн дохил нашуданд. Шарҳи луғоту тавзеҳоти вожаҳои маҷҳулу матрук дар охири матни китоб ҷой дода шуданд. Гунаи дурусти байтҳо ва вожаҳо дар заминаи маънои мантиқӣ ва хулосаи мутахассисони гурӯҳ интихоб гардид. Матн мувофиқи имлои нави забони тоҷикӣ таҳия гардида, дар ҳолатҳои зарурӣ бино бар тақозои вазн ва шакли таърихии калимаҳо истисно ба амал омад, ки ногузир будем.
«Дар масъалаи интихоби миниатюраҳо аз сюжетҳои «Шоҳнома» роҳбарияти Институти забон ва адабиёт аввалан масъаларо омӯхта, бо мутахассисони ҳирфавии ин ришта машварат намуда, иҷозати истифода аз беҳтарин ва муосиртарин миниатюраҳоро аз муаллифони онҳо ҳосил намуда, барои баррасӣ ба ҳайати коршиносон ва мутахассисони ин бахш пешниҳод намуданд. Бар асоси ҳамаи пешниҳодҳо хулоса ва натиҷагирӣ бар он шуд, ки миниатюраҳо барои матни «Шоҳнома» ҳам аз осори миниатюрнигорони давраи классикӣ, ҳам аз миниатюрнигори муосири тоҷик Олим Камолзода ва ҳам аз миниатюрнигори муосири эронии муқими Аврупо Маҳмуди Фаршчиён интихоб карда шаванд. Дар маҷмуъ аз осори миниатюраи классикӣ 20 адад, 4 адад аз асарҳои Олим Камолзода ва 8 адад аз осори Маҳмуди Фаршчиён барои матн баргузида шуд»,-илова намуд Шамсиддин Муҳаммадиев.
Ҳамчунин ба ҳамин муносибат ду китоби дигар аз тарафи кормандони илмии институт ба чоп омода гардид, ки барои дарки матни «Шоҳнома» зарурат доранд. Ходимони илмии институт «Фарҳанги Шоҳнома»-ро дар асоси нусхаҳои гуногуни он ва бо муқоисаву муқобала бо луғатномаҳои пешини «Шоҳнома» – «Фарҳанги мухтасари «Шоҳнома», «Луғати «Шоҳнома»-и Абдулқодир Бағдодӣ, «Фарҳанги «Шоҳнома»-и Маҳмуди Занҷонӣ, «Фарҳанги «Шоҳнома»-и Ҳусайн Шаҳидии Мозандаронӣ, «Вожаномаи «Шоҳнома»-и Парвизи Атобакӣ, «Фарҳанги «Шоҳнома»-и Шафақ Ризозода, китоби вожаномаи «Шоҳнома»-и Ҷалол Холиқии Мутлақ, Фарҳанги «Шоҳнома»-и Алии Равоқӣ, Фарҳанги номҳои «Шоҳнома»-и Мансур Растагори Фасоӣ ва асари Фритс Вулф дар ҳаҷми 600 саҳифа мураттаб намуданд. Ин кори заҳматталаб бо кӯшиш ва сарпарастии директори Институти забон ва адабиёт Фарангис Шарифзода анҷом дода шуд.
Китоби дигар «Ном ва номгузорӣ дар «Шоҳнома»» унвон дошта, ба қалами доктори илми филология Умриддин Юсуфӣ тааллуқ дорад. Дар ин китоб номҳои ориёии «Шоҳнома» ба ин хотир мураттаб гардидаанд, ки мардуми тоҷик номи фарзандони худро аз рӯи қаҳрамонони асари безаволи Фирдавсӣ гузоранд ва суннатҳои пойдори номгузории таърихии гузаштагони худро идомат бахшанд. Зеро ном шиносномаи фарҳангии миллат ва номгузорӣ рукни усулии худшиносии миллӣ ба шумор рафта, мардумони халқу миллатҳоро, пеш аз ҳама, аз рӯи номашон мешиносанду нажодашонро муайян мекунанд.
Шамсиддин Муҳаммадиев изҳор дошт, ки ҳамаи абёти «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ аз рӯи таҳия ва тасҳеҳи наве, ки аз ҷониби мутахассисони Институти забон ва адабиёт анҷом пазируфта, оварда шудааст. Дар ҳолати зарурат ба нусхаҳои дигари «Шоҳнома» низ муроҷиат шудааст.
Зарурати таълифи чунин китоб, пеш аз ҳама, дар он аст, ки асолати номҳо ва сохтори онҳо дар «Шоҳнома» аз ҳар маъхази дигар бештар ва беҳтар нигоҳ дошта шудааст, ки барои ҳар фарди ҷомеаи соҳибистиқлол дастурномаи хубе барои дурусту рост ва бехато навиштани номҳои асили миллӣ ба шумор меравад. Ҳамчунин муаллифи китоб дар шарҳу тавзеҳи номҳо ҳам талош намуда, дар равшанӣ андохтан дар шиносоии забонӣ ва такрории номҳо, мисли Ардашер, ки дар ин асар 11 шахсият бо ин ном омадаанд. Бино бар таҳқиқи муаллифи рисола, дар «Шоҳнома» ҳудуди ду ҳазор ном истифода шудааст, машҳуру маъруфи онҳо Рустами Дастон мебошад. Номвожаҳои «Шоҳнома» тибқи алифбои тоҷикӣ мураттаб гардида, ҳамзамон пас аз овардани ном гунаи форсӣ ва тарзи навишти он дар овонигорӣ ба лотинӣ (транскрипсияи номҳо) иброз шудааст, ки талаффузи дурусти номҳоро осон менамояд.
«Тамоми роҳбарӣ, мудирият ва тартибу низоми таҳияи матни комили «Шоҳнома» таҳти сарпарастии умумии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Қобилҷон Хушвахтзода ва директори Институти забон ва адабиёт, доктори илми филология Фарангис Шарифзода бо камоли меҳандӯстӣ ва тахассусмандӣ ҳусни анҷом ёфтааст.
Дар охир ҳаминро афзуданием, ки ташаббускори ин иқдоми наҷиб ва вориси воқеии Фирдавсии покзод- Сарвари давлати соҳибистиқлоли мо ба насли ҷавони ҷумҳурӣ дуруст хитоб фармудаанд: «Агар мо бихоҳем, ки ҷовидон дар ин сарзамин руҳи Фирдавсиро зиндаву покиза нигоҳ дорем ва худро вориси воқеии ӯ бидонем, бояд ҳамаи андарзҳои ӯро ҳифз намуда, тибқи онҳо амал бинамоем, барои оромишу осоиш, ваҳдату ягонагӣ ва пойдор гардидани сулҳ ба ҷон бикӯшем». Ва барои расидан ба ин ҳадафи нек моро зарур аст «Шоҳнома» машъалафрӯзи ҳар хонадони тоҷик бошад ва анъанаи неки шоҳномасароӣ барқарор шавад. Умед аст, ин иқдоми сутудании Сарвари давлат ва азму иродаи миллати тоҷик дар роҳи пос доштани арзишҳои фарҳангию миллиамон амалӣ хоҳад шуд»,-гуфт Шамсиддин Муҳаммадиев.
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»