Тоҷикистон зарбаҳои неруҳои ҳарбии ҳавоии Амрико ва Исроилро ба иншооти ҳастаии Эрон қатъиян маҳкум мекунад
ДУШАНБЕ, 23.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. «Ҷумҳурии Тоҷикистон зарбаҳои неруҳои ҳарбии ҳавоии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Давлати Исроилро 22 июни соли 2025 ба иншооти ҳастаии Ҷумҳурии Исломии Эрон қатъиян маҳкум намуда, аз шиддат гирифтани муноқиша, ки метавонад боиси табдил ёфтани низои кунунӣ ба ҷанги давомдор бо пайомадҳои хатарнок барои кулли минтақа ва ҷаҳон гардад, изҳори нигаронии ҷиддӣ мекунад», — омадааст дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар изҳорот инчунин гуфта шудааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пойбандӣ ба меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ аз Созмони Милали Муттаҳид, Агентии байналмилалӣ оид ба ҳастаии энержӣ (IAEA) ва дигар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ барои қабули қарорҳои фаврии қатъӣ ба мақсади роҳ надодан ба нақзи қонунҳои байналмилалӣ, пешгирӣ аз эҳтимоли фоҷеаҳои экологӣ ва таъмини пойдории сулҳу субот ва амният дар минтақа даъват менамояд.
Тоҷикистон бори дигар таъкид мекунад, ки роҳи ягонаи ҳалли ҳама гуна муноқиша ва низоъ танҳо тавассути муколамаҳои сиёсию дипломатӣ имконпазир аст ва аз талошҳои ҷомеаи байналмилалӣ, ки ба коҳиши ташаннуҷ ва барқарорсозии сулҳи пойдор дар Ховари Миёна равона шудааст, пуштибонӣ мекунад.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд
Дар Москва ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Муаррифии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Минск идома дорад
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ бар зидди ҷиноятҳои киберӣ имзо намуд






