35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Хуҷанд 964 иншооти ҷашнӣ бунёд карда шудааст

Июль 17, 2025 14:12

ДУШАНБЕ, 17.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд 964 иншоот бунёд карда шудааст. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд.

Аз миқдори умумии иншоот 239 адади он дар шашмоҳаи якуми соли равон сохта шудааст. 36 иншоот дар соҳаи саноат, 4 иншоот дар соҳаи тандурустӣ, 5 иншоот дар соҳаи маориф, 18 иншоот дар соҳаи варзиш, 1 иншоот дар соҳаи истироҳатӣ-фарҳангӣ, 118 иншоот дар соҳаи савдою хизматрасонӣ, 37 бинои истиқоматӣ ва 2 иншооти гуногун бунёд, таъмиру таҷдид ва навсозӣ карда шуда, мавриди истифода қарор гирифтанд.

Дар шаҳри Хуҷанд шумораи корхонаҳои истеҳсолкунандаи маҳсулоти ивазкунандаи воридот низ зиёд шудааст. Дар ин давра аз ҷониби 126 корхонаи хурду калон ба маблағи 490,9 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 82,8 миллион сомонӣ ё 20,3 фоиз зиёд мебошад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд

Июль 17, 2025 14:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд